Бозори арз: рубл дар Тоҷикистон гаронтар шуд

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2023
Обуна шудан
Рубл нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон пас аз коҳиши якбора дар ҳафтаи ахир, дигарбора дар бозори арзи ҷумҳурӣ то ду сомонӣ гаронтар шуд
ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Асъори русӣ ҳафтаи навро дар Тоҷикистон нисбат ба пули миллӣ бо болоравӣ оғоз кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 1000 рубл 119,9 сомонӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 1000 рубл 118,2 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Асъори русӣ сар аз ноябр, пас аз онки Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд, каме тақвият ёфта, аз 108 сомонӣ барои 1000 рубл гаронтар мешавад.
Дар баробари рубл евро ва доллар низ боз гаронтар шудаанд.
Агар ду рӯз қабл бар ивази ҳар доллар 10.9636 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9640 сомонӣ медиҳанд.
III Международный фестиваль театральных школ стран БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.08.2023
БРИКС сари коҳиши вобастагӣ аз доллар тамаркуз мекунад
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 11.8236 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки дар охири ҳафтаи гузашта қурби ҳар евро 11.8089 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9640 то 10.9500 сомонӣ, 1 евро аз 11.8236 то 11.9300 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 119,9 то 120 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0