Путин "Россия сегодня"-ро табрик кард

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2023
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин кормандони Гурӯҳи байналмилалии расонаҳои "Россия сегодня"-ро бо 10-умин солгарди таъсисёбиаш табрик кард
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар табрикоташ қайд кард, ки имрӯз “Россия сегодня” дастаи бузурги мутахассисони боистеъдодро муттаҳид мекунад, ки рӯйдодҳои кишвар ва ҷаҳонро зуд ва боэътимод пушиш медиҳанд.
"Боиси хурсандист, ки шумо анъанаҳои эҷодии пешгузаштагони худ – рӯзноманигорон, хабарнигорон, муҳаррирон, тарҷумонҳо, публисистҳоро сазовор идома медиҳед. Таҷриба ва дониши худро ба коргарони чавон саховатмандона пешниҳод мекунед",, - гуфта мешавад дар пайёми табрикотӣ.
Президент изҳори итминон дорад, ки гурӯҳи расонаҳои хабарӣ "дар оянда низ сифати кори худро баланд нигоҳ дошта, мавқеи худро ҳамчун яке аз пешқдамҳои эътирофшуда дар фазои иттилоотии дохилӣ ва байналмилалӣ нигоҳ медорад".
Здание Международного информационного агентства Россия сегодня - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.10.2023
Дар “Россия сегодня” медиафоруми кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад
Гурӯҳи байналмилалии иттилоотии "Россия сегодня" захираҳои иттилоотии русзабонро муттаҳид месозад: РИА Новости, PRIME, InoSMI, Baltnews, Ukraina.ru, Social Navigator, KOT ва Arctic.ru. Онро дар хориҷа хабаргузории байналмилалӣ ва радиои Sputnik намояндагӣ мекунад.
Яке аз маҳсулоти асосии “Россия сегодня” ин наворҳои иттилоотӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, испанӣ, арабӣ ва форсӣ мебошад.
"Россия сегодня" бузургтарин тавлидкунандаи маҳсулоти иттилоотии Русия мебошад, ки ба хонандаҳои байналмилалӣ, тоҷирон, сохторҳои давлатӣ ва доираи васеи корбарон нигаронида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0