Азми Тошканду Исломобод барои густариши ҳамлу нақл аз тариқи Афғонистон

© Хокимият Сурхандарьинской областиУзбекистан направил в Афганистан 63 вагона гуманитарной помощи
Узбекистан направил в Афганистан 63 вагона гуманитарной помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2022
Обуна шудан
Мақомоти Ӯзбекистону Покистон нақша доранд, ки бо толибҳо дар мавриди таҳияи стратегияи густариши ҳамлу нақл аз тариқи Афғонистон музокира кунанд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Исломобод ва Тошканд стратегияи транзитӣ тавассути Афғонистонро эҷод хоҳанд кард, иттилоъ дода шуд дар пайи мулоқоти вазирони савдои Покистону Ӯзбекистон.
Ба иттилои Sputnik Афғонистон, вазири савдои Покистон, Навид Камар бо ҳамтои ӯзбекаш, Ҷамшед Хоҷаев дар мавриди густариши ҳамлу нақл ба мувофиқа расиданд.
Манбаъ афзуд, ки вазирон ният доранд, созишномаи тиҷоратии транзитиро бо толибҳо ҳангоми сафари якҷоя ба Кобул баррасӣ намоянд. Интизор меравад, ки сафари якҷояи Навид Камар ва Ҷамшед Хоҷаев охири моҳи январи соли оянда сурат гирифт.
Покистон ва Ӯзбекистон интизор доранд, ки бо толибҳо барои таъсиси як фонди муштарак барои нигоҳдории зерсохтори роҳи Афғонистон созиш намоянд.
Вице-премьер правительства РФ А. Новак  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2022
Имкони ирсоли гази Русия ба Покистону Афғонистон
Бар асоси омори расмӣ, ҳамлу нақл миёни Покистону Ӯзбекистон дар аҳди толибҳо 2,6 баробар афзоиш ёфта, беш аз ним млн тоннаро ташкил додаст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан нишасти ҳайатҳои Ӯзбекистон - Афғонистон - Покистон баргузор шуд, ки дар он ҳамкорӣ дар бахши ҳамлу нақл мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мақомоти Афғонистон бар ин назаранд, ки хатти роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул – Пешовар метавонад тарҳи таъсиргузоре барои ояндаи минтақа бошад.
Таъкид гардид, ки аз дербоз Афғонистонро ба далели нақши муттасилкунандааш байни бахшҳои мухталифи қора Қалби Осиё номгузорӣ кардаанд.
Раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев низ аз кишварҳои узви СҲШ хост, роҳи оҳани Тирмиз - Пешоварро дастгирӣ кунанд.
Мирзиёев аз роҳи оҳани фароафғонистонӣ тавсиф карда, изҳор дошт, ки он кишварҳои Осиёи Марказиро ба бозори Осиёи Ҷанубӣ, ки дорои аҳолии беш аз 2-миллиарднафарӣ мебошад, мепайвандад.
Лентаи хабарҳо
0