Тоҷикистон бо як кишвари дигар равобити дипломатӣ барқарор кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ТоҷикистонТаджикистан установил дипотношения с Ботсваной
Таджикистан установил дипотношения с Ботсваной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2023
Обуна шудан
Баёнияи муштарак дар ин бора аз ҷониби намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва роҳбари Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурии африқоӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тоҷикистон бо Ботсвана равобити дипломатӣ барқарор кардааст.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин бора изҳороти муштаракро намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Африқо Лемоганг Квапе ба имзо расониданд.
Ба иттилои манбаъ, ин воқеа дар пасманзари нишасти бузурги ЮНЕСКО дар Ботсвана рух дод, ки дар он атласу адрасҳои тоҷикӣ ва ҷашни Сада ҳамчун ҷузъи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият эътироф шуданд.
Фестиваль Таджикский атлас и адрас 2020 во дворце Арбоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2023
Атласу адраси Тоҷикистон ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуданд
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо бо шарикони ояндадор аз кишварҳои дӯст фаъолона кор мебарад.
ВКХ мегӯяд, барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ботсвана ба инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад намуд.
Ин кишвар дар қисми ҷанубии қитъаи Африқо ҷойгир буда, масоҳати он 581,73 ҳазор метри мураббаъ буда, пойтахташ Габароне ва аҳолияш 2,3 млн аст. Дар ҷануб ва ҷанубу шарқ бо Африқои Ҷанубӣ, дар ғарб ва шимол бо Намибия, дар шимолу шарқ бо Зимбабве ва Замбия ҳамсарҳад аст.
Аз ҷиҳати ҷуғрофӣ 84% ҳудуди мамлакатро биёбони Калахари ишғол мекунад.
Лентаи хабарҳо
0