Санаи баргузории интихоботи президентии Русия эълон шуд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкПродолжается реконструкция Большого Каменного моста
Продолжается реконструкция Большого Каменного моста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2023
Обуна шудан
Интихоботи дарпешистода ба гуфтаи раҳбари Шӯрои Федератсия муҳимтарин рӯйдоди сиёсӣ аст, ки аз бисёр ҷиҳат "самти ояндаи рушди Русияро муайян хоҳад кард".
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Интихоботи навбатии президентии Федератсияи Русия 17 марти соли 2024 доир мешавад.
Дар ин бора қарори Шӯрои Федератсия имрӯз 7 декабр зимни як ҷаласае қабул гардид.

"Аслан ин тасмим оғози маъракаи интихоботи президентӣ мебошад", - гуфт раҳбари Шӯро Валентина Матвиенко.

Вай таъкид кард, ки интихоботи дарпешистода муҳимтарин рӯйдоди сиёсӣ аст, ки аз бисёр ҷиҳат "самти ояндаи рушди Русияро муайян хоҳад кард".
"Интихоботи дарпешистода таърихӣ буда, самти рушди мо ва роҳро ба замони шадиди дигаргуниҳои бузург барои тамоми башарият муайян мекунад", - гуфт Матвиенко.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2023
Путин: Адолат барқарор мешаваду ҷаҳони бисёрқутбӣ ташаккул хоҳад ёфт
Ба гуфтаи сенатор, ин интихоботҳо низ таваҷҷӯҳи байналмилалӣ доранд, зеро Русия имрӯз яке аз меъморони асосии ояндаи одилонаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки шаҳрвандони Русия бо интихоби дуруст, овози худро ба пирӯзӣ, Русияи соҳибихтиёр ва қудратманд медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0