https://sputnik.tj/20231205/dushanbe-hamoish-giromidosht-ghafurov-rahmon-1060730177.html
Дар Душанбе ҳамоиши гиромидошти Ғафуров бо ҳузури Раҳмон доир мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши гиромидошти Ғафуров бо ҳузури Раҳмон доир мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ӯ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик дониста шуда, бо таҳқиқоти мондагораш асосгузори мактаби нави таърихшиносии тоҷик маҳсуб меёбад
2023-12-05T12:15+0500
2023-12-05T12:15+0500
2023-12-05T17:18+0500
дар тоҷикистон
бобоҷон ғафуров
душанбе
фарҳанг
эмомалӣ раҳмон
симпозиум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0e/1060461826_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_fd46c3dace6830c6d543186448d6bb75.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Тоҷикистон аз 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, маъруфтарин донишманди тоҷик дар асри XX ва директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС ҷашн мегиранд.Ба хотираи ин донишманд дар “Кохи Ваҳдат” Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад, ки дар он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат мекунад.Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.Гуфта мешавад, дар доираи ин чорабинӣ маҳофиле дар макотибу донишгоҳҳо ва ниҳодҳои гуногун вобаста ба ҳаёту фаъолияти академик ва мутафаккири шинохта доир гардид.Бузургтарин чунин чорабинӣ, чаҳорум бор баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” буд, ки ахиран ҷамъбасту ғолибон қадрдонӣ шуданд.Ғафуров декабри соли 1908 дар деҳаи Исфисори ноҳияи ҳамноми академик ба дунё омада, дар зиндагияш беш аз 400 асару мақолаҳои илмӣ навиштааст, ки аксараш ба таърихи тоҷикон рабт дорад.Маврид ба зикр аст, ки ахиран проезиденти кишвар зимни сафараш ба ноҳияи Б.Ғафуров бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доду аз рӯйи муҷассамаи академик пардабардорӣ кард.Осорхонаи ҷумҳуриявӣ маркази бузурги илмию фарҳангӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ-маънавӣ ва таблиғотӣ-ташвиғотӣ буда, он аз 18 гӯшаи алоҳида иборат мебошад.Дар осорхона, нигораҳо аз рӯйи хусусияти хронологӣ ҷойгир карда шуда, кору зиндагӣ, фаъолияти пурсамар дар бахшҳои гуногун, дастовардҳои илмӣ, офаридаҳои гаронарзиш ва мукофоту туҳфаҳои академик Бобоҷон Ғафуров ҷой дода шудааст.Дар маҷмӯъ осорхона аз се бахш - “Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба ҷамъоварӣ ва мероси таълифнамудаи академик Бобоҷон Ғафуров”, “Таблиғоти мероси академик” ва “Китобхонаи электронӣ” иборат мебошад.Ҳамзамон дар ин макон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров пардабардорӣ намуданд.Академик Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон, Арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Ӯ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик дониста мешавад ва бо таҳқиқоти мондагори худ, коркарди консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик бешак, асосгузори мактаби нави таърихшиносии тоҷик маҳсуб меёбад ва қомат афрохтани муҷассамаи ӯ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намунаи олии қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат ва туҳфаи арзанда ба 115-солагии академик дониста мешавад.
https://sputnik.tj/20231114/rahmon-sughd-mujassama-ghafurov-runamoi-osorkhona-kushod-1060460402.html
https://sputnik.tj/20230922/ziyorat-az-oromgohi-abuabdulloh-rudaki--video-1059545560.html
бобоҷон ғафуров
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/0e/1060461826_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_1f604b314b91f5d90bd47a7c0515f271.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе ҳамоиш гиромидошт ғафуров раҳмон
душанбе ҳамоиш гиромидошт ғафуров раҳмон
Дар Душанбе ҳамоиши гиромидошти Ғафуров бо ҳузури Раҳмон доир мешавад
12:15 05.12.2023 (Навсозишуда: 17:18 05.12.2023) Ӯ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик дониста шуда, бо таҳқиқоти мондагораш асосгузори мактаби нави таърихшиносии тоҷик маҳсуб меёбад
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Тоҷикистон аз 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, маъруфтарин донишманди тоҷик дар асри XX ва директори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС ҷашн мегиранд.
Ба хотираи ин донишманд дар “Кохи Ваҳдат” Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад, ки дар он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат мекунад.
Дар ин бора аз Академияи миллии илмҳои кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, дар доираи ин чорабинӣ маҳофиле дар макотибу донишгоҳҳо ва ниҳодҳои гуногун вобаста ба ҳаёту фаъолияти академик ва мутафаккири шинохта доир гардид.
Бузургтарин чунин чорабинӣ, чаҳорум бор баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” — оинаи таърихи миллат” буд, ки ахиран ҷамъбасту ғолибон қадрдонӣ шуданд.
Ғафуров декабри соли 1908 дар деҳаи Исфисори ноҳияи ҳамноми академик ба дунё омада, дар зиндагияш беш аз 400 асару мақолаҳои илмӣ навиштааст, ки аксараш ба таърихи тоҷикон рабт дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран проезиденти кишвар зимни сафараш ба ноҳияи Б.Ғафуров бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доду аз рӯйи муҷассамаи академик пардабардорӣ кард.
Осорхонаи ҷумҳуриявӣ маркази бузурги илмию фарҳангӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ-маънавӣ ва таблиғотӣ-ташвиғотӣ буда, он аз 18 гӯшаи алоҳида иборат мебошад.
Дар осорхона, нигораҳо аз рӯйи хусусияти хронологӣ ҷойгир карда шуда, кору зиндагӣ, фаъолияти пурсамар дар бахшҳои гуногун, дастовардҳои илмӣ, офаридаҳои гаронарзиш ва мукофоту туҳфаҳои академик Бобоҷон Ғафуров ҷой дода шудааст.
Дар маҷмӯъ осорхона аз се бахш - “Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба ҷамъоварӣ ва мероси таълифнамудаи академик Бобоҷон Ғафуров”, “Таблиғоти мероси академик” ва “Китобхонаи электронӣ” иборат мебошад.
Ҳамзамон дар ин макон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров пардабардорӣ намуданд.
Академик Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон, Арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ӯ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик дониста мешавад ва бо таҳқиқоти мондагори худ, коркарди консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик бешак, асосгузори мактаби нави таърихшиносии тоҷик маҳсуб меёбад ва қомат афрохтани муҷассамаи ӯ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намунаи олии қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат ва туҳфаи арзанда ба 115-солагии академик дониста мешавад.