https://sputnik.tj/20230922/ziyorat-az-oromgohi-abuabdulloh-rudaki--video-1059545560.html
Зиёрат аз оромгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ – видео
Зиёрат аз оромгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ – видео
Sputnik Тоҷикистон
Оромгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ яке аз зиёратгоҳҳои асосии алоқамандони аҳли адаб буда, ҳамасола садҳо нафар меҳмонони дохилию хориҷӣ ба зиёрати он мераванд
2023-09-22T20:29+0500
2023-09-22T20:29+0500
2023-09-22T20:29+0500
видео
рӯдакӣ
панҷакент
оромгоҳ
абуабдуллоҳ рӯдакӣ
ҷашни рӯзи рӯдакӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1a/1059615606_0:17:1452:834_1920x0_80_0_0_3a9afb6d965740c80589a6984c8414ae.jpg
Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.Ин сана тибқи Қонуни ҶТ "Дар бораи рӯзҳои ид" ба расмият дароварда шудааст. Дар ин рӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назди ҳайкалу нимпайкараҳои Абӯабдулло Рӯдакӣ гулгузорӣ, ҳамоишҳои идона ва маҳфили шеърхонӣ, дар донишгоҳҳои филологии мамлакат, муаасисаҳои адабиву фарҳангӣ нишасту конфронсҳои илмӣ, мизҳои гирд ва ҷаласаҳо доир мегарданд.Дар Қазоқистон нимпайкара ва кӯчаи Рӯдакӣ пайдо шудХабарнигорои Sputnik Тоҷикистон дар рӯзи Рӯдакӣ ба зиёрати оромгоҳи одамулшуаро рафт ва натиҷаи сафари худро барои хонандгон сабт кардааст.Оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику-форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858 941) 60 км. дар қисмати шарқии шаҳри Панҷакент, дар маркази деҳаи Панҷрӯд ҷойгир аст.Он аз бинои ҳашткунҷаи хиштӣ бо ҳуҷраи якгумбаза ва галерея иборат аст. Соли 2008 ба муносибати 1150 солагии шоир оромгоҳи Рӯдакӣ бозсозӣ карда шуд. Оромгоҳи Рӯдакӣ дорои шакли ҳашзилъӣ ва гунбади фирӯзаӣ дар болои он аст, ки ба дасти чанд тан аз кошикорони Нишопурӣ бозсозӣ шудааст.142 сол пас: пешниҳоди номгузорӣ кардани Пётри Кабир ба Абуабдуллоҳи РӯдакӣАбуабдуллоҳ Рӯдакӣ сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс буда, соли 858 таваллуд шудааст ва соли 941 вафот кардааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи Рӯдакӣ сахт вобаста аст ва муосиронаш ва суханварони баъдина ӯро бо унвонҳои ифтихории Одамушуаро, Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд.
рӯдакӣ
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/1a/1059615606_160:0:1292:849_1920x0_80_0_0_8d1b63d0af691cce7e69b571d4aeb167.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, рӯзи рудакӣ, оромгоҳ, суғд, зиёрат, алоқамандӣ, панҷруд
видео, рӯзи рудакӣ, оромгоҳ, суғд, зиёрат, алоқамандӣ, панҷруд
Зиёрат аз оромгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ – видео
Оромгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ яке аз зиёратгоҳҳои асосии алоқамандони аҳли адаб буда, ҳамасола садҳо нафар меҳмонони дохилию хориҷӣ ба зиёрати он мераванд
Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.
Ин сана тибқи Қонуни ҶТ "Дар бораи рӯзҳои ид" ба расмият дароварда шудааст. Дар ин рӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назди ҳайкалу нимпайкараҳои Абӯабдулло Рӯдакӣ гулгузорӣ, ҳамоишҳои идона ва маҳфили шеърхонӣ, дар донишгоҳҳои филологии мамлакат, муаасисаҳои адабиву фарҳангӣ нишасту конфронсҳои илмӣ, мизҳои гирд ва ҷаласаҳо доир мегарданд.
Хабарнигорои Sputnik Тоҷикистон дар рӯзи Рӯдакӣ ба зиёрати оромгоҳи одамулшуаро рафт ва натиҷаи сафари худро барои хонандгон сабт кардааст.
Оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику-форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858 941) 60 км. дар қисмати шарқии шаҳри Панҷакент, дар маркази деҳаи Панҷрӯд ҷойгир аст.
Он аз бинои ҳашткунҷаи хиштӣ бо ҳуҷраи якгумбаза ва галерея иборат аст. Соли 2008 ба муносибати 1150 солагии шоир оромгоҳи Рӯдакӣ бозсозӣ карда шуд.
Оромгоҳи Рӯдакӣ дорои шакли ҳашзилъӣ ва гунбади фирӯзаӣ дар болои он аст, ки ба дасти чанд тан аз кошикорони Нишопурӣ бозсозӣ шудааст.
Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс буда, соли 858 таваллуд шудааст ва соли 941 вафот кардааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи Рӯдакӣ сахт вобаста аст ва муосиронаш ва суханварони баъдина ӯро бо унвонҳои ифтихории Одамушуаро, Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд.