https://sputnik.tj/20231204/sughd-gaz-moe-arzon-1060718378.html
Дар Суғд гази моеъ каме арзон шуд
Дар Суғд гази моеъ каме арзон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар баъзе аз навоҳии вилояти Суғд қимати фурӯши гази моеъ дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ поин омадааст, ки сабаби онро ба воридоти арзонтар шарҳ медиҳанд
2023-12-04T14:08+0500
2023-12-04T14:08+0500
2023-12-04T17:44+0500
дар тоҷикистон
гази моеъ
иқтисод
воридот
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049373602_0:203:3071:1930_1920x0_80_0_0_0a4fbce99610f8d9ab0ca77977866d30.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон каме поинравии қимати гази моеъ мушоҳида шудааст.Бино ба тоблуҳое, ки моликони ширкатҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт насб намудаанд аз ҷумла дар ноҳияҳои Деваштич, Спитамен ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд поёнравии нархи гази моеъ мушоҳида мешавад. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки ба чунин шаҳру навоҳи сафар кардааст мегуяд, ҳоло нархи як литр фурӯши гази моеъ то 7, 6 – 7, 5 сомонӣ арзон шудааст. Ду ҳафта қабл фурӯши гази моеъ дар ҳамин навоҳии Суғд то 7, 8 сомонӣ арзиш дошт.Азам Холматов, яке аз роҳбарони нуқтаи таъминоти сӯзишвории нақлиёт (АЗС) дар ноҳияи Спитамен сабаби поёнравии нархи гази моеъро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.Ба ғайр аз гази моеъ арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ қариб як моҳ ба ин тараф бетағйир боқӣ мондаанд. Зимнан ҳоло арзиши бензини АИ 95 – 11, 2 сомонӣ, АИ 92 – 11 сомонӣ ва солярка – 11, 4 сомонӣ ва гази моеъ – 7, 6 – 7, 5 сомонӣ аст. Гази моеъ яке аз умдатарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба ҷузъ воситаҳои нақлиёт, инчунин сокинон барои пухту пази хурок дар манзилҳо истифода мекунанд. Таҳлилҳо собит намудаанд, ки ҳамасола дар остонаи фасли зимистон арзиши маводи сӯхт дар Тоҷикистон баланд мешавад. Соли пеш дар ин шабурӯз гази моеъ бо нархи 6,5 – 6,8 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешуд. Баландшавии нархи маводи сӯхт ба гароншавии нархи молу маҳсулот бетаъсир намемонад, зеро бахши аъзами мол дар бозорҳо аз тариқи интиқолдиҳӣ пур карда мешавад.
https://sputnik.tj/20231019/sabab-boloravi-narkh-suzishvori-tojikiston-tafsilot-1060037570.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049373602_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_e1bfce3e8b1f41d999031702454844bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд моеъ арзон қимат
Дар Суғд гази моеъ каме арзон шуд
14:08 04.12.2023 (Навсозишуда: 17:44 04.12.2023) Эксклюзив
Дар баъзе аз навоҳии вилояти Суғд қимати фурӯши гази моеъ дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ поин омадааст, ки сабаби онро ба воридоти арзонтар шарҳ медиҳанд
ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон каме поинравии қимати гази моеъ мушоҳида шудааст.
Бино ба тоблуҳое, ки моликони ширкатҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт насб намудаанд аз ҷумла дар ноҳияҳои Деваштич, Спитамен ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд поёнравии нархи гази моеъ мушоҳида мешавад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, ки ба чунин шаҳру навоҳи сафар кардааст мегуяд, ҳоло нархи як литр фурӯши гази моеъ то 7, 6 – 7, 5 сомонӣ арзон шудааст.
Ду ҳафта қабл фурӯши гази моеъ дар ҳамин навоҳии Суғд то 7, 8 сомонӣ арзиш дошт.
Азам Холматов, яке аз роҳбарони нуқтаи таъминоти сӯзишвории нақлиёт (АЗС) дар ноҳияи Спитамен сабаби поёнравии нархи гази моеъро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.
“Ду ҳафта қабл ҳар кило гази моеъро ба маблағи 13 сомонӣ аз ширкатҳои воридкунанда мехаридем, ҳоло онҳо нархро то 11, 8 сомонӣ поён кардаанд ва ба ин тартиб фурӯши чакана ҳам аз 7, 8 сомонӣ ба 7,5 сомонӣ поён шуд. Чи қадаре, ки нархи воридотӣ арзон шавад, ҳамон андоза нархи чакана ҳам поён бурда мешавад” – гуфт мавсуф.
Ба ғайр аз гази моеъ арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ қариб як моҳ ба ин тараф бетағйир боқӣ мондаанд.
Зимнан ҳоло арзиши бензини АИ 95 – 11, 2 сомонӣ, АИ 92 – 11 сомонӣ ва солярка – 11, 4 сомонӣ ва гази моеъ – 7, 6 – 7, 5 сомонӣ аст.
Гази моеъ яке аз умдатарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба ҷузъ воситаҳои нақлиёт, инчунин сокинон барои пухту пази хурок дар манзилҳо истифода мекунанд.
Таҳлилҳо собит намудаанд, ки ҳамасола дар остонаи фасли зимистон арзиши маводи сӯхт дар Тоҷикистон баланд мешавад. Соли пеш дар ин шабурӯз гази моеъ бо нархи 6,5 – 6,8 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешуд.
Баландшавии нархи маводи сӯхт ба гароншавии нархи молу маҳсулот бетаъсир намемонад, зеро бахши аъзами мол дар бозорҳо аз тариқи интиқолдиҳӣ пур карда мешавад.