Сабаби болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чист? Тафсилот

CC BY-SA 2.0 / Hugh Llewelyn / 37 84 7843 288-3Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото
Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Сар аз нимаи дуюми тобистон дар кишвар болоравии қимати маводи сӯхт сабт шуд ва хабарнигори Sputnik Тоҷикистон вазъро таҳлил кард, ки чаро чунин шуд
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Сабаби болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чист? Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон омилҳои дохилӣ ва хориҷиро, ки метавонанд ба ин масъала таъсир расонанд, таҳлил кард.
Бино ба таҳлилҳои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, нархи чаканаи фурӯши бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар шурӯъ аз нимаи дуюми моҳи июли соли равон рӯ ба афзоиш оварда
Дар ҳамин ҳол, бино ба додаҳои Хадамоти гумруки кишвар, воридоти маводи сӯхт тайи моҳҳои январ ба сентябри соли равон афзоиш ёфта, аммо нархҳои воридотӣ дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтаанд.
Ба гунаи мисол, 29 ширкати воридкунанда дар ин муддат 255 092,5 тон бензин ба маблағи 158,2 миллион доллар ворид намудаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 69, 8 ҳазор тон ё 27,4% зиёд аст.
Машина заправляется на АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Давоми як ҳафта: нархи гази моеъ дар Тоҷикистон марзи 7 сомониро убур кард
Нархи миёнаи воридотии як тон бензин 620 долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 192 доллар ё 23,6% коҳиш ба назар мерасад (моҳҳои январ-майи соли 2022 нархи миёнаи воридотии як тон бензин 812 долларро ташкил медод).
Таъминкунандагони асосии бензин ба ҷумҳурӣ инҳо мебошанд:
"Газпромнефт-Тоҷикистон" (59,6%),
Агентии давлатии захираҳои моддӣ (10,9%),
Ширкати сеганҷ (4,3%).
Сӯзишвории дизелӣ
Захираи сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон дар давраи аз январ то августи соли 2023 аз 313 ҳазор тонна гузаштааст.
Ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 қариб 50 ҳазор тонна зиёд аст. Нархи миёнаи хариди як тонна сӯзишворӣ 740 долларро ташкил медод, дар ҳоле ки дар соли 2022 нархи воридот барои як тонна 857 доллар буд.
Сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон асосан аз ин кишварҳо ворид мешавад:
Русия (87,8%),
Қазоқистон (3,5%),
Ӯзбекистон (3,3%).
Цистерны с нефтью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2023
Русия беш аз 85%-и бозори сӯзишвории Тоҷикистонро таъмин мекунад
Гази моеъ
Аз моҳи январ то сентябри соли 2023 ба Тоҷикистон беш аз 302 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 9 ҳазор тонна бештар аст.
Нархи миёнаи харид барои як тонна 403 долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 79 (16,3%) арзонтар аст.
Кишварҳои асосие, ки ба Тоҷикистон гази моеъ ворид мекунанд, инҳоянд:
Қазоқистон (77,6%),
Русия (18,2%)
Ӯзбекистон (4,3%).
Омилҳои беруна
Болоравии қимати содироти нафту газ дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад.
Коршиносони соҳа ин динамикаро аз як сӯ ба болоравии қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва аз сӯи дигар тағйири механизми демпинг марбут медонанд.
Масалан, Русия, ки таъминкунандаи аслии маҳсулоти нафтии бозори дохилии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, барои ҷуброни зиёни ширкатҳои нафтӣ ва танзими нархҳои нафтии онҳо механизми дамперро (пардохти махсуси давлатӣ, ки боиси афзоиши талаботи дохилӣ) ба кор андохтааст.
Заправочные пистолеты на мультизаправочном комплексе АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2023
Шарҳ ва пешгӯии Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
Илова бар ин, Қазоқистон ба далели зиёновар будани истеҳсолот тавлид ва коркарди гази моеъро коҳиш додааст.
Ширкатҳое, ки ба ин навъи сӯзишворӣ тахассус доранд, маҳсулоти худро бо зиён фурӯхтаанд.
Ба ин далел, вазорати энержии Қазоқистон тасмим гирифт, ки дар тӯли 3 сол ба тадриҷ нархи гази моеъро боло барад ва ҳамчунин содироти ин маводи сӯхтро маҳдуд кунад.
Газ камчин шуд
Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар захирагоҳҳои ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ 61 ҳазор тон бензин ва 130 ҳазор тон сӯзишвории дизелӣ боқӣ мондааст ва кишвар то охири сол мутаносибан ба 30-40 ҳазор тони дигар эҳтиёҷ дорад.
Айни ҳол дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳолати камчинӣ ҷой надошта, норасоии гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба назар мерасад, ки ниҳодҳои масъули кишвар ҷиҳати ҳалли масъала дар ба кор шудаанд.
Хулоса
Дар натиҷа, болоравии қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон умдатан ба омилҳои беруна марбут аст.
Арзиши ҳамаи навъҳои сӯзишворӣ пеш аз ҳама аз вазъи дохили кишварҳои содиркунанда вобастагӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0