Ҷанҷоли Рустаму Роналду: дарвозабони тоҷик танишу оштияш бо Криштиануро шарҳ дод

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонГолкипер национальной сборной Таджикистана Рустам Ятимов
Голкипер национальной сборной Таджикистана Рустам Ятимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2023
Обуна шудан
Навори радубадали Рустам Ятимов ва Криштиану Роналду, ки ҳангоми бозии тими "Истиқлол" ва "Ал-Наср" сурат гирифт, сертамошобин шуд
ДУШАНБЕ, 17 окт— Sputnik. Дарвозабони дастаи "Истиқлол", Рустам Ятимов гуфт, нахуст бо футболбози маъруфи тими "Ал-Наср" бо забони русӣ ҷанҷол кард ва баъдан ба англисӣ гузашт.
Ятимов дар шарҳи қазия ба телевизиони "Варзиш" гуфт, Роналду дар ҷараёни бозӣ каме асабонӣ буд, зеро мо бозиро кашола медодем.
"Шумо бояд фаҳмед, ки дар ин бозӣ "Ал-Наср" хело бо суръати баланд бозӣ мекард ва мо бояд тамоми усулҳоро барои паст кардани он истифода мекардед. Ин муқаррарӣ аст - ҳамаи дастаҳо ин корро мекунанд", - гуфт дарвозабони тоҷик.
Ӯ гуфтааст, миёнашон ҷанҷол сурат гирифтасту Роналду ишорае кардасту футболбози тоҷик низ бо забони русӣ посух додаст.
"Аммо ба ёдам омад, ки ӯ намефаҳмад. Пас аз он бо забонҳои сербӣ ва англисӣ суҳбат кардем. Аммо баъд аз ин мо якдигарро ба оғӯш гирифтем, сӯҳбат кардем ва бозиро идома додем. Ин эҳсосот чизҳои муқаррарӣ мебошанд", - изҳор дошт Ятимов.
Вай афзуд, ки дар ин бозӣ фаҳмид, ки чаро Роналду барандаи панҷ ҷоизаи "Тӯби тилоӣ" аст, чун хело чусту чолок ва бо фикр бозӣ мекунад.
Бозии Истиқлол бо Ал-Наср - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2023
Бозии “Истиқлол” ва “Ал-Наср” рекорд гузошт
Дар мавриди эҳсосот аз бозӣ, Рустамов изҳор дошт, ки ягон чизи махсусе надид, онҳо ҳамон футболбозон ҳастанд, танҳо тезтар, техникӣ ва оқилтар.
"Ман ин бозиро бесаброна интизор будам, асабӣ ҳам набудам. Ман чун одат ба ин бозӣ омодагии хуб дида будам", - гуфт ӯ.
Бозии "Истиқлол"-и Душанбе ва "Ал-Наср"-и шаҳри Риёз дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё дар ҳузури беш аз 20 ҳазор нафар сурат гирифта, бо ҳисоби 3:1 ба суди тими саудӣ поён ёфт.
Лентаи хабарҳо
0