https://sputnik.tj/20231204/mmd-i-kishvarhoi-iiao-davomi-5-sol-64-afzudaast-1060719653.html
ММД-и кишварҳои ИИАО давоми 5 сол 6,4% афзудааст
ММД-и кишварҳои ИИАО давоми 5 сол 6,4% афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Бахши омори Комиссияи иқтисодии Авруосиё иттилоъ дар бораи натиҷаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои узви ИИАО-ро дар солҳои 2018-2022 нашр кард
2023-12-04T15:15+0500
2023-12-04T15:15+0500
2023-12-04T15:15+0500
ииао
иқтисод
ммд
рушд
аҳолӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/03/1030620365_0:50:1601:950_1920x0_80_0_0_dce2e9db5d6020e2605835bb982a1cba.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар соли 2022 ба 2603,9 миллиард доллар расид ва дар тӯли панҷ сол 6,4% афзоиш ёфт.Дар ин бора сомонаи Комиссияи иқтисодии созмон дар истинод ба омори ҷамбастии солонаи созмон хабар медиҳад.Дар гузориш маълумот дар бораи натиҷаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои узви ИИАО дар солҳои 2018-2022 оварда шудааст. Ба инҳо маълумот дар бораи аҳолӣ, шуғл, сатҳи зиндагӣ, маориф, нархҳо, ММД, истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ, сармоягузорӣ, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия, бозори истеъмолӣ, субъектҳои бозори молиявӣ, тавозуни пардохт, молияи давлатӣ ва низоми пулӣ дохил мешаванд. Тибқи гузориш, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои созмон дар тӯли панҷ сол 12 фоиз афзуда, ба 1703,8 миллиард доллар ва маҳсулоти кишоварзӣ 15,1 фоиз афзуда, 166,4 миллиард долларро ташкил додааст. Инчунин, нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии ин давра бо асъори давлатҳои аъзои Иттиҳод хисоб карда мешаванд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё зиёд шуд.Дар ИИАО гуфтанд, ки бо камбуди гандум чӣ гуна мубориза мебарадБа иттилои манбаъ, суръати баландтарини афзоиши музди миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Арманистон (13,4%), Қирғизистон (10,7%) ва Беларус (10,1%) ба қайд гирифта шудааст.Тибқи иттилои манбаъ, музди миёнаи меҳнати номиналӣ дар Қирғизистон 32 ҳазор сом (30 ҳазор рубли русӣ) ва дар Русия 70 ҳазор рублро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20231203/tavajjuh-kishvar-iiao-bozor-dokhili-1060706304.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/03/1030620365_49:0:1468:1064_1920x0_80_0_0_503184394797e4af213db80122def58e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ммд кишварҳо ииао афзоиш
ММД-и кишварҳои ИИАО давоми 5 сол 6,4% афзудааст
Бахши омори Комиссияи иқтисодии Авруосиё иттилоъ дар бораи натиҷаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои узви ИИАО-ро дар солҳои 2018-2022 нашр кард
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар соли 2022 ба 2603,9 миллиард доллар расид ва дар тӯли панҷ сол 6,4% афзоиш ёфт.
Дар ин бора сомонаи Комиссияи иқтисодии созмон дар истинод ба омори ҷамбастии солонаи созмон хабар медиҳад.
Дар гузориш маълумот дар бораи натиҷаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои узви ИИАО дар солҳои 2018-2022 оварда шудааст.
Ба инҳо маълумот дар бораи аҳолӣ, шуғл, сатҳи зиндагӣ, маориф, нархҳо, ММД, истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ, сармоягузорӣ, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия, бозори истеъмолӣ, субъектҳои бозори молиявӣ, тавозуни пардохт, молияи давлатӣ ва низоми пулӣ дохил мешаванд.
"Аҳолии доимии ИИАО дар охири соли 2022 185,4 миллион нафарро ташкил дод. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои узви ИА дар соли 2022 ба 2603,9 миллиард доллар расид ва дар тӯли панҷ сол 6,4% афзоиш ёфт", — омадааст дар хабар.
Тибқи гузориш, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои созмон дар тӯли панҷ сол 12 фоиз афзуда, ба 1703,8 миллиард доллар ва маҳсулоти кишоварзӣ 15,1 фоиз афзуда, 166,4 миллиард долларро ташкил додааст.
Инчунин, нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии ин давра бо асъори давлатҳои аъзои Иттиҳод хисоб карда мешаванд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё зиёд шуд.
Ба иттилои манбаъ, суръати баландтарини афзоиши музди миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Арманистон (13,4%), Қирғизистон (10,7%) ва Беларус (10,1%) ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, музди миёнаи меҳнати номиналӣ дар Қирғизистон 32 ҳазор сом (30 ҳазор рубли русӣ) ва дар Русия 70 ҳазор рублро ташкил додааст.