https://sputnik.tj/20231204/frs-sokhtmon-roghun-pul-marshad-kanori-tojikiston-1060720568.html
ФРС барои сохтмони "Роғун" $100 млн медиҳад: Ал-Маршад гуфт, дар канори Тоҷикистонем
ФРС барои сохтмони "Роғун" $100 млн медиҳад: Ал-Маршад гуфт, дар канори Тоҷикистонем
Sputnik Тоҷикистон
Ҷониби Саудӣ мегӯяд, ки аз аҳамияти бузурги лоиҳаи Неругоҳи барқи обии "Роғун"-ро бархӯрдор аст ва барои татбиқи ондар паҳлуи Тоҷикистон қарор гирифт
2023-12-04T16:31+0500
2023-12-04T16:31+0500
2023-12-05T11:45+0500
дар тоҷикистон
нбо "роғун"
сохтмон
арабистони саудӣ
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/52/1029825202_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_c8b840b41aa664caee6d83f43df5f46e.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Фонди рушди Саудӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии "Роғун" 100 млн доллар қарзи имтиёзнок медиҳад ва созишнома барои ҷудосозии ин маблағ ба имзо мерасад.Дар ин бора раҳбари мазкур Султон Абдулраҳмон ал-Маршад, ки бо сафар дар Душанбе қарор дорад, изҳор дошт ва таъкид кард, ки атрофи ин масъала бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ кард.Номбурда гуфт, ки Неругоҳи барқи обии "Роғун" яке аз лоиҳаҳои муҳимтарини минтақавӣ буда, он барои рушди на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои ҳамсоя низ саҳми арзанда ҳоҳад гузошт.Ӯ афзуд, "ин лоиҳа дар баробари он ки ба рушди иқтисоди "сабз" мусоидат менамояд, дар баробари ин ба пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим низ саҳм мегирад. Ба таъкиди мавсуф, бо назардошти муҳимияти лоиҳа ба Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа бо шарикони рушд маблағгузорӣ барои иҷрои ин тарҳро идома хоҳад дод.Дар пойни суханронияш мавсуф таъкид кард, ки ин маблағгузорӣ охирин набуда, чандин лоиҳаҳои рушде ҳастанд, ки аз ҷониби матраҳ шудаанд ва мавриди арзёбӣ қарор доранд.Ёдовар мешавем, ки қаблан сафири Подшоҳӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон гуфта буд, ки Хазинаи рушди Арабистони Саудӣ аз замони ҳузураш дар Тоҷикистон нисфи сармоягузорияшро ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" равона кардааст.
https://sputnik.tj/20231123/hukumati-tojikiston-sokhtmoni-roghun-pul-masraf-1060569035.html
арабистони саудӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/52/1029825202_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_259d3c772c15c4d068921814d58ff134.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фрс сохтмон "роғун" ал-маршад канори тоҷикистон
фрс сохтмон "роғун" ал-маршад канори тоҷикистон
ФРС барои сохтмони "Роғун" $100 млн медиҳад: Ал-Маршад гуфт, дар канори Тоҷикистонем
16:31 04.12.2023 (Навсозишуда: 11:45 05.12.2023) Ҷониби Саудӣ мегӯяд, ки аз аҳамияти бузурги лоиҳаи Неругоҳи барқи обии "Роғун"-ро бархӯрдор аст ва барои татбиқи он дар паҳлуи Тоҷикистон қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Фонди рушди Саудӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии "Роғун" 100 млн доллар қарзи имтиёзнок медиҳад ва созишнома барои ҷудосозии ин маблағ ба имзо мерасад.
Дар ин бора раҳбари мазкур Султон Абдулраҳмон ал-Маршад, ки бо сафар дар Душанбе қарор дорад, изҳор дошт ва таъкид кард, ки атрофи ин масъала бо Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ кард.
"Дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани Созишнома оид ба маблағгузории Неругоҳи барқи обии "Роғун" дар ҳаҷми 100 миллион доллари амрикоӣ баргузор мегардад", — гуфт Султон Абдулраҳмон ал-Маршад.
Номбурда гуфт, ки Неругоҳи барқи обии "Роғун" яке аз лоиҳаҳои муҳимтарини минтақавӣ буда, он барои рушди на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои ҳамсоя низ саҳми арзанда ҳоҳад гузошт.
Ӯ афзуд, "ин лоиҳа дар баробари он ки ба рушди иқтисоди "сабз" мусоидат менамояд, дар баробари ин ба пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим низ саҳм мегирад.
Ба таъкиди мавсуф, бо назардошти муҳимияти лоиҳа ба Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа бо шарикони рушд маблағгузорӣ барои иҷрои ин тарҳро идома хоҳад дод.
Дар пойни суханронияш мавсуф таъкид кард, ки ин маблағгузорӣ охирин набуда, чандин лоиҳаҳои рушде ҳастанд, ки аз ҷониби матраҳ шудаанд ва мавриди арзёбӣ қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан сафири Подшоҳӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон гуфта буд, ки Хазинаи рушди Арабистони Саудӣ аз замони ҳузураш дар Тоҷикистон нисфи сармоягузорияшро ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" равона кардааст.