Роҳбари Пентагон аз эҳтимоли шикасти стратегии Исроил гуфт

© AFP 2023 / John MacdougallЮг Израиля недалеко от границы с сектором Газа, после авиаударов Израиля
Юг Израиля недалеко от границы с сектором Газа, после авиаударов Израиля  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2023
Обуна шудан
Исроил бар Ҳамос дар сурате пирӯз шуда метавонад, ки ҳадафи аслияшро дар навори Ғазза ҷилавгирӣ аз марги ғайринизомиён ва ҳимояи онҳо қарор диҳад
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Пирӯзиҳои тактикии Исроил дар навори Ғазза метавонанд бо шикасти стратегӣ анҷом ёбанд.
Ин нуктаро сардори Пентагон Ллойд Остин дар форуми мудофиаи миллии Рейган, ки айни ҳол дар Калифорния ҷараён дорад, баён дошт.
"Дар ин навъи ҷангҳо маркази вазнинӣ аҳолии осоишта аст. Ва агар шумо онҳоро ба оғӯши душман биронед, шумо пирӯзии тактикиро бо шикасти стратегӣ иваз мекунед", - тавзеҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи Остин, нерӯҳои артиши исроилӣ танҳо дар сурати ҷилавгирӣ аз марги ғайринизомиён ва дифоъ аз онҳо дар навори Ғазза, дар набард алайҳи Ҳамос пирӯз мешавад.
Рӯзи 7 октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо, ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ эълон шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Пас аз ин, ҷангҷӯёни ин созмон ба манотиқи марзии ҷануби Исроил ворид шуда, дар он ҷо ба сӯи низомиён ва ғайринизомиён оташ кушоданд ва ҳамчунин беш аз 200 нафарро гаравгон гирифтанд.
Дар Исроил, бино ба маълумоти ахири мақомот, ҳудуди 1,2 ҳазор нафар кушта шудаанд, ки ба ин шумор ғайринизомиён, сарбозон, шаҳрвандони хориҷӣ ва коргарон низ шомиланд ва ҳамчунин гузориш шудааст, ки беш аз 5 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Освобожденные палестинские заключенные на Западном берегу реки Иордан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2023
Муҳим нест, ки ҷанг дар Ғазза чӣ гуна хотима меёбад: Исроил аллакай мағлуб шудааст
Дар посух, нерӯҳои дифоии Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карданд. Дар давоми чанд рӯз низомиёни исроилӣ тамоми манотиқи аҳолинишини наздикии марз бо Ғаззаро таҳти назорат гирифта, ба ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ҳадафҳо, аз ҷумла мардуми осоишта шурӯъ карданд.
Исроил инчунин муҳосираи пурраи навори Ғаззаро эълон карда, интиқоли об, ғизо, нерӯи барқ, дору ва сӯзишворӣ қатъ карда шуд.
Теъдоди кушташудагон дар навори Ғазза аз замони оғози ҳамлаҳои Исроил аз 16 ҳазор нафар гузашта ва беш аз 35 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ҳамос иддао кардааст, ки дар навори Ғазза тақрибан 200-250 гаравгон нигоҳ дошта мешаванд. Пас аз анҷоми оташбас мақомоти Исроил эълом карданд, ки 126 исроилӣ ва 11 хориҷӣ дар гаравгони Ҳамос боқӣ монда, 110 нафари рабудашуда озод шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0