https://sputnik.tj/20231201/rahmon-toqaev-payomi-tasliyat-1060678236.html
Раҳмон ба Тоқаев паёми таслият фиристод
Раҳмон ба Тоқаев паёми таслият фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ба тамоми наздикону пайвандони қурбониёни сӯхтор таъзияву ҳамдардӣ баён намуда, ба ҳамаи маҷруҳон шифои оҷил хостааст
2023-12-01T12:55+0500
2023-12-01T12:55+0500
2023-12-01T13:31+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ҳамдардӣ
эмомалӣ раҳмон
қосим -жомарт тоқаев
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056856638_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_33ab277ea6cdaa08261e22de8ce1c61d.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба сӯхтори хобгоҳ дар Алмато ба ҳамтои қазоқаш, Қосим-ҷомарт Тоқаев паёми ҳамдардӣ фиристодаст. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паём аз ҷумла изҳор доштаст, ки хабари сӯхтор дар яке аз хобгоҳҳои Алматоро, ки боиси талафоти инсонӣ гардид, бо андуҳи амиқ дарёфтаст. "Бо изҳори ғамшарикӣ ба Шумо ва тамоми наздикону пайвандони қурбониён таъзияву ҳамдардӣ баён намуда, ба ҳамаи маҷруҳон шифои оҷил хоҳонем", - таъкид кардаст ӯ. Субҳи 30 ноябр дар Алмато дар хобгоҳе дар кӯчаи Шарифов сӯхтор ба амал омад. Дар ин ҳангом дар хобгоҳ 72 нафар буд, ки аз ин шумора 13 нафар ҷон бохтаанд, ки яке аз онҳо ноболиғ будааст. Чор нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ду шаҳрванди Русия ва ду шаҳрванди Ӯзбекистон ва 9 нафари дигар шаҳрвандони Қазоқистон мебошанд. Сабаби пешакии марг заҳролудшавӣ аз газ арзёбӣ мешавад. Мақомоти маҳаллӣ изҳор доштаанд, ки хобгоҳ ҳамагӣ 1,5 моҳ фаъолият мекард ва муҷаввизи кор надошт.Табдил додани таҳхона бидуни таъинот ба манзили истиқоматӣ манъ аст, изҳор дошт пулис. Феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад, таъкид намудаст пулиси хобагоҳ.
https://sputnik.tj/20231031/qazoqiston-jasad-konkan-kon-angishti-qaraghanda-yoft-1060244415.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056856638_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_db7dd9cf82e02903926f2b47c46cdaae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомлаӣ раҳмон, сӯхтор, хобгоҳ, қазоқистон, алматов
эмомлаӣ раҳмон, сӯхтор, хобгоҳ, қазоқистон, алматов
Раҳмон ба Тоқаев паёми таслият фиристод
12:55 01.12.2023 (Навсозишуда: 13:31 01.12.2023) Президенти Тоҷикистон ба тамоми наздикону пайвандони қурбониёни сӯхтор таъзияву ҳамдардӣ баён намуда, ба ҳамаи маҷруҳон шифои оҷил хостааст
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба сӯхтори хобгоҳ дар Алмато ба ҳамтои қазоқаш, Қосим-ҷомарт Тоқаев паёми ҳамдардӣ фиристодаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паём аз ҷумла изҳор доштаст, ки хабари сӯхтор дар яке аз хобгоҳҳои Алматоро, ки боиси талафоти инсонӣ гардид, бо андуҳи амиқ дарёфтаст.
"Бо изҳори ғамшарикӣ ба Шумо ва тамоми наздикону пайвандони қурбониён таъзияву ҳамдардӣ баён намуда, ба ҳамаи маҷруҳон шифои оҷил хоҳонем", - таъкид кардаст ӯ.
Субҳи 30 ноябр дар Алмато дар хобгоҳе дар кӯчаи Шарифов сӯхтор ба амал омад. Дар ин ҳангом дар хобгоҳ 72 нафар буд, ки аз ин шумора 13 нафар ҷон бохтаанд, ки яке аз онҳо ноболиғ будааст.
Чор нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ду шаҳрванди Русия ва ду шаҳрванди Ӯзбекистон ва 9 нафари дигар шаҳрвандони Қазоқистон мебошанд. Сабаби пешакии марг заҳролудшавӣ аз газ арзёбӣ мешавад.
Мақомоти маҳаллӣ изҳор доштаанд, ки хобгоҳ ҳамагӣ 1,5 моҳ фаъолият мекард ва муҷаввизи кор надошт.
Табдил додани таҳхона бидуни таъинот ба манзили истиқоматӣ манъ аст, изҳор дошт пулис. Феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад, таъкид намудаст пулиси хобагоҳ.