https://sputnik.tj/20231202/ifshoi-baze-juziyoti-guftushunidi-yatimov-toshiev-1060694881.html
Ифшои баъзе ҷузъиёти гуфтушуниди Ятимов ва Тошиев: ба чӣ тавофуқ расиданд?
Ифшои баъзе ҷузъиёти гуфтушуниди Ятимов ва Тошиев: ба чӣ тавофуқ расиданд?
Sputnik Тоҷикистон
Раванди муайянсозии марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду ҷониб мусбат арзёбӣ шуда, ҷонибҳо умед доранд, ки ба ҳалли комили он наздиканд
2023-12-02T10:51+0500
2023-12-02T10:51+0500
2023-12-04T12:15+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
қирғиз
баҳси марзӣ
қамчибек тошиев
саймумин ятимов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/10/1059978609_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_b6cd7de70fd27c48ffdd813b9e3344d7.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ҷузъиёти музокирот бо ҳамтои қирғизаш Қамчибек Ташиев дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории марзро ошкор кард. Ӯ гуфт, ки гуфтушунид бомуваффақият гузашт ва аз рӯи ду масъалаи асосӣ ба ҳалли он ноил гардид. Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон ба иншооте, ки дар қаламрави Тоҷикистон истифода мекунад, дастрасӣ пайдо мекунад, аммо заминҳо дар ихтиёри Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Дар баробари ин Тоҷикистон ба иншооте, ки дар қаламрави Қирғизистон истифода мекунад, дастрасӣ пайдо мекунад ва заминҳо дар ихтиёри Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ хоҳанд монд. "Инҳо самтҳои хеле муҳими стратегии фаъолияти мо ҳастанд, ки дар онҳо мо натиҷаҳои мушаххас ба даст овардаем. Аз ин рӯ худи далели эълони ин масъала тавассути васоити ахбори омма ва ба мардум гуфтани он воқеаи бузург аст. Мо ба ҳалли масъалаи асосӣ наздиктар ҳастем, ки музокироти мо ҳамзамон ба аломатгузории сарҳади давлатӣ оварда мерасонад, то баҳсҳои дигар дар ин замина ҷилавгирӣ шавад", - қайд кард Ятимов.Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамзамон дар бораи бахши Торт-кочо сухан гуфт. Ӯ гуфтааст, ки чораҳои ба ин монанд ва баробар дида шуданд. Яъне, ин бахш "ҳамон гуна истифода мешавад, ки мо онро дар самти Ворӯх – Хоҷаи Аъло истифода мебарем".Раҳбари Кумитаи амнияти Қирғизистон Қамчибек Тошиев низ ин дидорро пурмаҳсул хонда гуфтааст, ки ҳалли масъала наздик аст.Мулоқоти раисони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳамчунин роҳбарии ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар масоили марзиро ба уҳда доранд, ахиран дар ҳудуди вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон сурат гирифт.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.
https://sputnik.tj/20231108/tavofuq-tojikiston-qirghiziston-qismat-marz-1060370253.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/10/1059978609_52:0:1189:853_1920x0_80_0_0_53abc0657d3ababc451f66f9e2fae377.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ифшои ҷузъиёт гуфтушунид ятимов тошиев тавофуқ
ифшои ҷузъиёт гуфтушунид ятимов тошиев тавофуқ
Ифшои баъзе ҷузъиёти гуфтушуниди Ятимов ва Тошиев: ба чӣ тавофуқ расиданд?
10:51 02.12.2023 (Навсозишуда: 12:15 04.12.2023) Раванди муайянсозии марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду ҷониб мусбат арзёбӣ шуда, ҷонибҳо умед доранд, ки ба ҳалли комили он наздиканд
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ҷузъиёти музокирот бо ҳамтои қирғизаш Қамчибек Ташиев дар мавриди делимитатсия ва аломатгузории марзро ошкор кард.
Ӯ гуфт, ки гуфтушунид бомуваффақият гузашт ва аз рӯи ду масъалаи асосӣ ба ҳалли он ноил гардид.
"Пеш аз ҳама, ин ба роҳи Ворух - Хоҷаи Ало дахл дорад. Мо ин масъаларо амалан ҳалшуда мешуморем. Масъалаи дуюм дар бораи иншоотҳое мебошад, ки Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон истифода мекунад. Дар ин бора қарори муҳим расидем",- гуфт Ятимов.
Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон ба иншооте, ки дар қаламрави Тоҷикистон истифода мекунад, дастрасӣ пайдо мекунад, аммо заминҳо дар ихтиёри Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
Дар баробари ин Тоҷикистон ба иншооте, ки дар қаламрави Қирғизистон истифода мекунад, дастрасӣ пайдо мекунад ва заминҳо дар ихтиёри Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ хоҳанд монд.
"Инҳо самтҳои хеле муҳими стратегии фаъолияти мо ҳастанд, ки дар онҳо мо натиҷаҳои мушаххас ба даст овардаем. Аз ин рӯ худи далели эълони ин масъала тавассути васоити ахбори омма ва ба мардум гуфтани он воқеаи бузург аст. Мо ба ҳалли масъалаи асосӣ наздиктар ҳастем, ки музокироти мо ҳамзамон ба аломатгузории сарҳади давлатӣ оварда мерасонад, то баҳсҳои дигар дар ин замина ҷилавгирӣ шавад", - қайд кард Ятимов.
Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамзамон дар бораи бахши Торт-кочо сухан гуфт. Ӯ гуфтааст, ки чораҳои ба ин монанд ва баробар дида шуданд. Яъне, ин бахш "ҳамон гуна истифода мешавад, ки мо онро дар самти Ворӯх – Хоҷаи Аъло истифода мебарем".
Раҳбари Кумитаи амнияти Қирғизистон Қамчибек Тошиев низ ин дидорро пурмаҳсул хонда гуфтааст, ки ҳалли масъала наздик аст.
"Ман фикр мекунам, ки мо ба ноил шудан ба" ҳалли комил" хеле наздик ҳастем",— афзудааст ӯ.
Мулоқоти раисони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳамчунин роҳбарии ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар масоили марзиро ба уҳда доранд, ахиран дар ҳудуди вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон сурат гирифт.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.