Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ятимов ва Тошиев хостори фаъолии бештар дар муайянсозии марз шуданд

© Foto / Хадамоти матбуоти мақомоти вилояти СуғдСаймумин Ятимов и Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бӯстон
Саймумин Ятимов и Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бӯстон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2023
Обуна шудан
Раисони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳамчунин роҳбарии ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар масоили марзиро ба уҳда доранд, дидор карданд
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Раванди муайянсозии марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳарду ҷониб мусбат арзёбӣ шудааст.
Ин нукта дар мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатӣ, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев таъкид гардид.
Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, мулоқот дар ҳудуди вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон сурат гирифт.
"Ҷонибҳо зарурати фаъол гардонидани раванди ба охир расонидани таъйини гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда таъкид намуданд", - омадааст дар иттилоия.
Тафсилоти дигари мулоқот оварда нашудааст, танҳо таъкид шудааст, ки он дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид.
Флаги Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2023
Тавофуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди як қисмати дигари марз
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0