Сафорат: Дар сӯхтори "Садовод" ягон тоҷик осеби ҷисмонӣ набардоштаст

Обуна шудан
Дар сӯхтори калонтарин бозори Маскав ягон шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат набардоштааст. Мақомоти ҳолатҳои изтирории Русия тафсилоти сӯхторро тавзеҳ доданд
Дар сӯхтори бозори "Садовод" -и Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надиданд, аммо молҳояшон ба коми оташ рафт.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз сафорати ҷумҳурӣ дар Русия иттилоъ доданд.
"Бар асари сӯхтор дар бозори Садоводи шаҳри Маскав ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон кушта ё захмӣ нашудааст", - изҳор дошт манбаъ.
Мусоҳиб тавзеҳ дод, ки молҳои бархе аз соҳибкорони тоҷик ба коми оташ рафтааст ва ҳоло хисороти он аз сӯи мақомоти дахлдор ҳисобу китоб мешавад.
Сӯхтор дар дӯконҳои савдо дар қатори шашум рух дод. Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия иттилоъ дод, ки наҷотдиҳандагон 350 нафарро аз ҷои ҳодиса берун карданд.
ВКД расман сӯхтори мактаби №71-и Душанберо шарҳ дод
Манбаъ афзуд, ки паём дар бораи оташсӯзӣ дар "Садовод" соати 11:58 ба вақти Маскав расид. Бар асари нафаскашии дуд як нафар заҳролуд шудааст.
Бозори "Садовод" бо масоҳати қариб 40 гектар дар дар ҷануби Маскав ҷойгир буда, ҳашт ҳазор мағозаро дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0