ВКД расман сӯхтори мактаби №71-и Душанберо шарҳ дод

© УМВД ДушанбеПожар в школе Душанбе
Пожар в школе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2023
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе расман сӯхтор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро шарҳ дод
Ба гузориши дафтари матбуоти ин ниҳод, сӯхтор дар пай қурбонӣ надошт.
РВКД афзудааст, ки ҳодиса санаи 22-юми июн, тахминан соати 22:15 дақиқа сар зад.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади пурра хомӯш намудани алангаи оташ аз ҳисоби ҷузъу томҳои мақомоти милитсияи пойтахт 125 нафар, аз ҳисоби сохторҳои оташнишонӣ 150 нафар, 16 адад нақлиёти ташнишонӣ ва 18 адад нақлиёти обкашонӣ (водовоз) сафарбар карда шуданд.
"Дар натиҷа, сухтор дар масоҳати 1500 метри мураббаъ пурра хомӯш карда шуд", - афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод мегӯяд, тибқи санҷишҳои пешакӣ сӯхтор дар натиҷаи оташ гирифтани дастгоҳи ҳавосардкунак (кондитсионер), ки дар ошёнаи дуюми муассисаи мазкур, дар толори маҷлисгоҳ насб карда шудааст, ба миён омадааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, сабабу омилҳо ва зарари он пурра муайян карда хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0