https://sputnik.tj/20231031/qazoqiston-jasad-konkan-kon-angishti-qaraghanda-yoft-1060244415.html
Дар Қазоқистон ҷасади охирин конкан дар кони ангишти Қарағанда ёфт шуд
Дар Қазоқистон ҷасади охирин конкан дар кони ангишти Қарағанда ёфт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон пас аз садамаи дар кони ангишт, ҷасади ҳамаи 46 нафари кушташуда пайдо намуд, аммо шахсияти шаш тан мушаххаст нест
2023-10-31T14:08+0500
2023-10-31T14:08+0500
2023-10-31T14:08+0500
қазоқистон
садама
кон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/07/1043298898_0:297:3113:2048_1920x0_80_0_0_f38920c6b9ef6fc32d06facc6bec71b9.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар Қазоқистон наҷотдиҳандагон ҷасади охирин конкан дар кони ангишти Қарағанда ёфтаву берун кашида шуд.Дар ин бора вазири ҳолатҳои изтирории ҷумҳурӣ Сирим Шарифхонов дар ҷаласаи ҳукумат гузориш дод. Ӯ зикр кард, ки барои муайян кардани онҳо ташхиси зарурӣ гузаронида мешавад. Санҷиши ДНК талаб карда мешавад.Маврид ба зикр аст, ки садама дар кони мутааллиқ ба ширкати ArcelorMittal Temirtau субҳи барвақти рӯзи 28 октябр рух дод. Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби таркиши гази метан будааст.Дар ҳамин ҳол, дар замони рух додани ҳодиса дар кон 252 нафар конкан буданд, ки 208 нафари онҳо наҷот ёфтанд, 18 нафар ба ёрии тиббӣ ниёз доранд. Роҳбарияти кон бошад, мегӯяд, дар кони мазкур қаблан беш аз 200 камбудӣ ошкор шуда буд, ки қариб ҳамаашон ислоҳ шуда буданд. Дар мавриди гунаҳкорони қазия, таъкид шуд, ки комиссияи давлатӣ ба кор шуруъ кардааст ва натиҷаи он маълум хоҳад кард.Кони Костенко ба ҶСК "АрселорМиттал Темиртау" тааллуқ дорад. Моҳи август дар кони дигари ин ширкат (Қазоқистон) оташсӯзӣ рух дода, панҷ конкан кушта шуданд. Сипас президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев АМТ-ро барои нақзи ӯҳдадориҳояш танқид кард ва аз оқибатҳои ҳузури минбаъдаи он дар бозори ҷумҳуриявӣ ҳушдор дод.
https://sputnik.tj/20231030/rustami-emomali-qazoqiston-noma-hamdardi-firistod-1060218748.html
қазоқистон
ом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/07/1043298898_12:0:2743:2048_1920x0_80_0_0_9e19be5cbf19edfb38814c3ab3b6d2a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷасад охирин конкан кон ангишт қарағанда ёфт
ҷасад охирин конкан кон ангишт қарағанда ёфт
Дар Қазоқистон ҷасади охирин конкан дар кони ангишти Қарағанда ёфт шуд
Вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон пас аз садамаи дар кони ангишт, ҷасади ҳамаи 46 нафари кушташуда пайдо намуд, аммо шахсияти шаш тан мушаххаст нест
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Дар Қазоқистон наҷотдиҳандагон ҷасади охирин конкан дар кони ангишти Қарағанда ёфтаву берун кашида шуд.
Дар ин бора вазири ҳолатҳои изтирории ҷумҳурӣ Сирим Шарифхонов дар ҷаласаи ҳукумат гузориш дод.
"Дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотӣ ҷасади 45 конкан ва боқимондаҳои эҳтимолии 46-умин кушташуда пайдо шуданд. Ҳоло ҳуввияти 40 нафари кушташудагон мушаххас шуда, 6 нафари онҳо мушаххас нашудааст", - гуфт Шарифхонов.
Ӯ зикр кард, ки барои муайян кардани онҳо ташхиси зарурӣ гузаронида мешавад. Санҷиши ДНК талаб карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки садама дар кони мутааллиқ ба ширкати ArcelorMittal Temirtau субҳи барвақти рӯзи 28 октябр рух дод. Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби таркиши гази метан будааст.
Дар ҳамин ҳол, дар замони рух додани ҳодиса дар кон 252 нафар конкан буданд, ки 208 нафари онҳо наҷот ёфтанд, 18 нафар ба ёрии тиббӣ ниёз доранд.
Роҳбарияти кон бошад, мегӯяд, дар кони мазкур қаблан беш аз 200 камбудӣ ошкор шуда буд, ки қариб ҳамаашон ислоҳ шуда буданд.
Дар мавриди гунаҳкорони қазия, таъкид шуд, ки комиссияи давлатӣ ба кор шуруъ кардааст ва натиҷаи он маълум хоҳад кард.
Кони Костенко ба ҶСК "АрселорМиттал Темиртау" тааллуқ дорад. Моҳи август дар кони дигари ин ширкат (Қазоқистон) оташсӯзӣ рух дода, панҷ конкан кушта шуданд.
Сипас президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев АМТ-ро барои нақзи ӯҳдадориҳояш танқид кард ва аз оқибатҳои ҳузури минбаъдаи он дар бозори ҷумҳуриявӣ ҳушдор дод.