https://sputnik.tj/20231201/khotira-nazarboev-zan-duumu-farzandon-navras-1060679217.html
Назарбоев доштани зани дуюму фарзандони наврасро иқрор карду нооромиҳоро шарҳ дод
Назарбоев доштани зани дуюму фарзандони наврасро иқрор карду нооромиҳоро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар Қазоқистон китоби хотираҳои нахустин президенти ин кишвар нашр гардид. Ин кор дар арафаи Рӯзи президент, ки дигар истироҳатӣ нест, амалӣ шудаст
2023-12-01T15:30+0500
2023-12-01T15:30+0500
2023-12-01T18:29+0500
осиёи марказӣ
сиёсат
нурсултон назарбоев
қазоқистон
хотира
китоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/19/1047927084_0:0:3074:1730_1920x0_80_0_0_8ea7b02c697b54f4a1b7b90060e957ae.jpg
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Қариб тамоми нусхаҳои китоби Нурсултон Назарбоев "Ҳаёти ман. Аз вобастагӣ то озодӣ" аллакай харидорони худро ёфтаанду банд карда шудаанд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.Китоб бо теъдоди 7,5 ҳазор нусха чоп шуда, дар Остона дар "Меломан" бо нархи 6,7 ҳазор танга фурӯхта мешавад. Китоби мазкур 708 саҳифаро дар бар гирифта, аз ҳаёти шахсӣ то ҳаводиси сиёсии баъди рафтан аз қудрат дар он тавзеҳ дода шудаст. Таваҷҷӯҳи бештар ба саҳифаи 607-ум шудаст, ки дар он Назарбоев дар бораи писаронаш аз зани дуюм Асел – Тауман ва Байкен сӯҳбат мекунад. Бузургӣ соли 2005, хурдӣ соли 2008 таваллуд шудааст. Инчунин Нурсултон Назарбоев омилеро ном бурд, ки рӯйдодҳои январи соли 2022 дар Қазоқистонро ба гуфтаи ӯ оғоз бахшидаст. Вай гуфт, вақте моҳи ноябри соли 2021 эълон кард, ки курсии раиси ҳизби ҳокими Нур Отанро ба Тоқаев месупорад, "касоне, ки ба ҳокимият тамаъ мекарданд, ба изтироб афтоданд".Ба гуфтаи Назарбоев ин иқдом маънои пуштибонӣ аз номзадии Тоқаев дар интихоботи соли 2024-ро дошт, чун гумон меравад, ки шонси раҳбари ҳизб барои пирӯзӣ дар интихобот ба таври қобили мулоҳиза меафзояд.Нахустин президенти Қазоқистон менависад, ки ӯ ният дошт дар авоили соли 2022 мақоми раиси Шӯрои амнияти ин кишварро ба Тоқаев супорад. Вай ин корро кард - аммо аллакай вақте ки дар кишвар нооромиҳои васеъ ба амал меомаданд.Маврид ба зикр аст, ки Нурсултон Назарбоев нахустин президенти Қазоқистон мебошад, ки зимоми қудрат дар ин кишварро аз соли 1991 то 2019 дар даст дошт.
https://sputnik.tj/20230424/elon-hukm-sobiq-sarvazir-qazoqiston-1056657863.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/19/1047927084_183:0:2914:2048_1920x0_80_0_0_383026019944490919713de747bf1121.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нашр, китоб, нурсултон назарбоев, президент
нашр, китоб, нурсултон назарбоев, президент
Назарбоев доштани зани дуюму фарзандони наврасро иқрор карду нооромиҳоро шарҳ дод
15:30 01.12.2023 (Навсозишуда: 18:29 01.12.2023) Дар Қазоқистон китоби хотираҳои нахустин президенти ин кишвар нашр гардид. Ин кор дар арафаи Рӯзи президент, ки дигар истироҳатӣ нест, амалӣ шудаст
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Қариб тамоми нусхаҳои китоби Нурсултон Назарбоев "Ҳаёти ман. Аз вобастагӣ то озодӣ" аллакай харидорони худро ёфтаанду банд карда шудаанд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Китоб бо теъдоди 7,5 ҳазор нусха чоп шуда, дар Остона дар "Меломан" бо нархи 6,7 ҳазор танга фурӯхта мешавад.
Китоби мазкур 708 саҳифаро дар бар гирифта, аз ҳаёти шахсӣ то ҳаводиси сиёсии баъди рафтан аз қудрат дар он тавзеҳ дода шудаст.
Таваҷҷӯҳи бештар ба саҳифаи 607-ум шудаст, ки дар он Назарбоев дар бораи писаронаш аз зани дуюм Асел – Тауман ва Байкен сӯҳбат мекунад. Бузургӣ соли 2005, хурдӣ соли 2008 таваллуд шудааст.
Инчунин Нурсултон Назарбоев омилеро ном бурд, ки рӯйдодҳои январи соли 2022 дар Қазоқистонро ба гуфтаи ӯ оғоз бахшидаст.
Вай гуфт, вақте моҳи ноябри соли 2021 эълон кард, ки курсии раиси ҳизби ҳокими Нур Отанро ба Тоқаев месупорад, "касоне, ки ба ҳокимият тамаъ мекарданд, ба изтироб афтоданд".
Ба гуфтаи Назарбоев ин иқдом маънои пуштибонӣ аз номзадии Тоқаев дар интихоботи соли 2024-ро дошт, чун гумон меравад, ки шонси раҳбари ҳизб барои пирӯзӣ дар интихобот ба таври қобили мулоҳиза меафзояд.
Нахустин президенти Қазоқистон менависад, ки ӯ ният дошт дар авоили соли 2022 мақоми раиси Шӯрои амнияти ин кишварро ба Тоқаев супорад. Вай ин корро кард - аммо аллакай вақте ки дар кишвар нооромиҳои васеъ ба амал меомаданд.
Маврид ба зикр аст, ки Нурсултон Назарбоев нахустин президенти Қазоқистон мебошад, ки зимоми қудрат дар ин кишварро аз соли 1991 то 2019 дар даст дошт.