Даргузашти Исматзода, собиқ мақомдори баландпоя ва узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина молится на кладбище
Мужчина молится на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2023
Обуна шудан
Собиқ раиси Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ даргузашт. Вайро дар зодгоҳаш дар ноҳияи Данғара ба хок месупоранд
ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Азизулло Исматзода яке аз мақомдорони баландпояии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони кишвар дар синни 59-солагӣ даргузашт.
Тавре дӯстони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд, Исматзода вақтҳои охир аз бемории фишорбаландӣ ранҷ мебурд.
Ӯ дар гузашта роҳбарии Хоҷагии ҷангали Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Сипас ба роҳбарӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ таъйин гардид. Ба ҳайси раиси сераҳолитарин ноҳияи Тоҷикистон Исматзода аз моҳи ноябри соли 2020 то моҳи январи соли равон фаъолият дошт.
Первый заместитель Генерального прокурора Хикматуллозода Абдугаффор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2023
Ноиби аввали додситони кул раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд
Моҳи январи соли равон президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории Исматзода Азизулло Убайдуллоро имзо намуд.
Дар санад сабаби барканорӣ гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шуд. Вай ҳамчунин ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Маросими видоъ бо марҳум дар масҷиди Сариосиёи Душанбе сурат гирифта, ҷаноза дар зодгоҳаш - ноҳияи Данғара ба хок супорида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0