https://sputnik.tj/20230111/noib-avval-dodsiton-kul-raisi-nohiyai-rudaki-1054139567.html
Ноиби аввали додситони кул раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд
Ноиби аввали додситони кул раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ноиби аввали додситонии кулли Тоҷикистон ва яке аз додситонҳои собиқадори кишвар бо фармони раисҷумҳур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд
2023-01-11T17:47+0500
2023-01-11T17:47+0500
2023-01-11T18:12+0500
дар тоҷикистон
тағйироти кадрӣ
эмомалӣ раҳмон
фармон
президент
рӯдакӣ
раис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054139184_0:87:710:486_1920x0_80_0_0_29b751783893f5bede597d61d15c075e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Ҳикматуллозода Абдуғаффор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми прокурори генералии Тоҷикистон озод шуд. Фармон дар ин бораро президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо кард. Бо фармони дигари президент, Ҳикматуллозода Абдуғаффор иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин гардид. Ӯ дар ин мақом Исматзода Азизулло Убайдуллоро иваз намуд, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шавад.Таъйини прокурори собиқадор ба вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон муомилоти ғайриқонунӣ бо заминро дар ин ноҳия аз мушкилоти ҷиддӣ арзёбӣ намуда буд. Бар асоси ҳоланомаи расмӣ, раиси нави ноҳияи Рӯдакӣ, соли 1975 дар ноҳияи Фархор таваллуд шуда, соли 1998 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияташро аз мақоми ёрдамчии прокурори ноҳияи Фрунзеи шаҳрги Душанбе, оғоз карда, баъдан дар вазифаҳои прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти гумрук ва нақлиёти Прокуратураи генералӣ, муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар нақлиёт ва коммуникатсия кор кардаст. Аз соли 2010 - прокурори ноҳияи Балҷувон, аз соли 2012 - прокурори ноҳияи Данғара, аз соли 2017 - муовини прокурори вилояти Суғд, аз марти соли 2020 - муовини якуми прокурори генералии Тоҷикистон буд.
https://sputnik.tj/20230111/barkanori-tayinot-tim-rustami-emomali-1054129647.html
рӯдакӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0b/1054139184_0:20:710:552_1920x0_80_0_0_8c81d1a7d4dd5b2079b5233450041f30.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
прокурор, раис, ноҳия, рӯдакӣ, таъйин, фармон
прокурор, раис, ноҳия, рӯдакӣ, таъйин, фармон
Ноиби аввали додситони кул раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд
17:47 11.01.2023 (Навсозишуда: 18:12 11.01.2023) Ноиби аввали додситонии кулли Тоҷикистон ва яке аз додситонҳои собиқадори кишвар бо фармони раисҷумҳур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Ҳикматуллозода Абдуғаффор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми прокурори генералии Тоҷикистон озод шуд.
Фармон дар ин бораро президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо кард.
Бо фармони дигари президент, Ҳикматуллозода Абдуғаффор иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ таъйин гардид.
Ӯ дар ин мақом Исматзода Азизулло Убайдуллоро иваз намуд, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шавад.
Таъйини прокурори собиқадор ба вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон муомилоти ғайриқонунӣ бо заминро дар ин ноҳия аз мушкилоти ҷиддӣ арзёбӣ намуда буд.
Бар асоси ҳоланомаи расмӣ, раиси нави ноҳияи Рӯдакӣ, соли 1975 дар ноҳияи Фархор таваллуд шуда, соли 1998 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияташро аз мақоми ёрдамчии прокурори ноҳияи Фрунзеи шаҳрги Душанбе, оғоз карда, баъдан дар вазифаҳои прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти гумрук ва нақлиёти Прокуратураи генералӣ, муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар нақлиёт ва коммуникатсия кор кардаст.
Аз соли 2010 - прокурори ноҳияи Балҷувон, аз соли 2012 - прокурори ноҳияи Данғара, аз соли 2017 - муовини прокурори вилояти Суғд, аз марти соли 2020 - муовини якуми прокурори генералии Тоҷикистон буд.