Мулоқоти сарони кишварҳои ИДМ-2023 кай баргузор мешавад? Тафсилот

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПутин принял участие в неформальной встрече руководителей стран - участниц СНГ
Путин принял участие в неформальной встрече руководителей стран - участниц СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2023
Обуна шудан
Дабири кулли ИДМ Лебедев мегӯяд, нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар солҳои охир аллакай анъанавӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳлати вохӯриҳо пеш аз соли нав муайян карда шуд.
Гуфта мешавад, ки музокироти сарони ҳукуматҳои ИДМ рӯзи 18 декабр дар Маскав баргузор мешавад, хабар медиҳад дабири кулли созмон Сергей Лебедев.
Ба гуфтаи ӯ, ташаббускори ин чорабинӣ сарвазири Русия Михаил Мишустин мебошад.
Илова бар ин, мулоқоти сарони кишварҳои ИДМ дар назар аст, ки 26 декабр дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Президент РФ В. Путин провел совещание с членами Совбеза РФ, правительства РФ и руководством силовых ведомств - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2023
Путин: Бархе аз кишварҳо субот дар кишварҳои ИДМ-ро қасдан ноором месозанд
Лебедев таъкид кард, ки нишасти ғайрирасмии давлатҳои муштаракулманофеъ дар солҳои охир аллакай ба як анъана табдил ёфтааст.
"Барои ман ҳамчун дабири кул муҳим он аст, ки ҳамаи ин мулоқоту муҳокимаҳо ба нигоҳдорӣ ва таҳкими минбаъдаи ИДМ равона карда шаванд", - афзуд Лебедев.
Вай таъкид кард, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамкорони худро ба ин чорабинӣ даъват кардааст, ки “дар фазои ғайрирасмӣ муошират кунанд, масъалаҳои ҷориро баррасӣ ва табодули афкор кунанд”.
Лентаи хабарҳо
0