Тоҷикистон ҷарима барои истифодаи мошини рақамаш қалбакиро сахт кард

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкВ салоне автомобиля, архивное фото
В салоне автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2023
Обуна шудан
Мақомоти тоҷик афродеро, ки рақамҳои мошинҳоро қалбакӣ истеҳсол, нигоҳдорӣ, истифода ё ба шахси дигар медиҳанд, метавонанд ҷарима ва ё ҳатто зиндон кунанд
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон акнун барои рондани мошин бо рақамҳои давлатии шахси дигар маблағи ҳангуфтеро бояд пардохт кард.
Инро тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (КҲМ) ва Кодекси ҷиноӣ (КҶ) пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин, тибқи ислоҳоти нав, барои тақаллуби рақами мошин, шумо метавонед ба зиндон афтед.
Аз ҷумла, ба моддаи 313-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҷавобгариро барои идора кардани воситаи нақлиёт бо рақами давлатии шахси дигар ё додани рақами давлатӣ ба шахси дигар пешбинӣ мекунад, тағйирот ворид карда шуд.
"[Чунин қоидавайронкуниҳо боиси] ҷарима ба андозаи аз 30 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба мӯҳлати як сол мегардад", - омадааст дар қонун.
Ҳамин тариқ, ҷарима ҳоло аз 2,04 ҳазор то 3,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар таҳрири қаблии моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои чунин кор ҷарима аз 680 то 1,02 ҳазор сомониро ташкил медод ва барои шаш моҳ маҳрум кардан аз ронандагиро пешбинӣ мекард.
Илова бар ин, ҳоло дар модда ҷавобгарии маъмурӣ барои рондани мошин бо рақами қалбакӣ пешбинӣ нашудааст.
Бо қабули тағйирот ба моддаи 212 қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ муҷозот барои тақаллуби рақамҳои мошин низ сахттар шудааст.
Снятие тонировки с автомобилей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2023
Нархи сиёҳшиша кардани мошин дар Тоҷикистон боло меравад
Амакнун барои истеҳсол, нигоҳдорӣ, истифода ё ба шахси дигар додани рақами қалбакӣ аз 34 ҳазор то 68 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки тамоми ҷаримаҳо дар ҷумҳурӣ аз 1 январи соли 2024 5,88% афзоиш меёбанд, зеро нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ аз 68 то 72 сомонӣ афзоиш меёбад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 нишондиҳандаи ҳисоб 72 сомонӣ муқаррар шудааст.
Феълан нишондищанда барои щисобщо дар кишвар 68 сомонӣ буда, аз аввали соли нав ин маблағ 4 сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ин чунин маъно дорад, ки дар ҷумҳурь баъзе пардохтҳои ҳатмӣ низ зиёд мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0