https://sputnik.tj/20231129/narkh-siyohshisha-moshin-tojikiston-bolo-1060653849.html
Нархи сиёҳшиша кардани мошин дар Тоҷикистон боло меравад
Нархи сиёҳшиша кардани мошин дар Тоҷикистон боло меравад
Sputnik Тоҷикистон
Ба далели боло рафтани нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз аввали соли оянда нархи иҷозатномаи яксола барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбад
2023-11-29T15:03+0500
2023-11-29T15:03+0500
2023-11-29T15:03+0500
дар тоҷикистон
бда
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102144/75/1021447544_0:160:3075:1890_1920x0_80_0_0_5d1b5de8f51c823469c215f502980754.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Арзиши иҷозатнома барои сиёҳшиша кардани мошинҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.Ҳамин тариқ, қимати сиёҳ кардани шишаи мошинҳои бароришашон баъди 1 январи соли 2005 аз оғози соли оянда 344 сомонӣ гарон мешавад. Ин болоравӣ ба далели афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, ки аз 1 январи соли 2022 аз 68 сомонии феълӣ ба 72 сомонӣ баробар хоҳад шуд.Бар асоси муқаррароти ҷорӣ, дар Тоҷикистон арзиши сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои бароришашон то 31 декабри соли 2004 ба 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст, ки аз 1 январи соли 2024 он муодили 4 ҳазору 680 сомонӣ хоҳад буд.Ин нишондиҳанда барои мошинҳои соли бароришашон аз 1 январи соли 2005 то ҳол 86 нишондиҳанда барои ҳисобҳост, ки аз оғози соли оянда 6 ҳазору 192 сомониро ташкил хоҳад дод. Феълан ин нишондиҳанда 5 ҳазору 848 сомонист.Дар баробари ин интихобҳои гуногун барои шаҳрвандон дастрасанд. Аз ҷумла соҳиби мошини истеҳсолаш то соли 2005 метавонанд ба ивази 35 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз 1 январи соли оянда 2 ҳазору 520 сомониро ташкил хоҳад дод, танҳо шишаҳои дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафоро сиёҳ кунанд. Танҳо барои шишаи қафо арзиши яксолаи сиёҳкунӣ 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 504 сомонӣ хоҳад буд.Барои мошинҳои истеҳсолашон баъди 1 январи соли 2005 нархи сиёҳ кардани шишаҳои дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо 45 нишондиҳанда барои ҳисобҳост, ки аз 3 ҳазору 60 сомонии феълӣ то ба 3 ҳазору 240 сомонӣ аз аввали соли оянда хоҳад расид. Танҳо шишаи қафо 12 нишондиҳанда – 864 сомонӣ хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20231005/sughd-nafar-voridot-moshin-kuhna-bozdosht--1059792846.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102144/75/1021447544_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_c984feb3b07a84265598781fd9b9f51d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх сиёҳшиша мошин тоҷикистон гарон
нарх сиёҳшиша мошин тоҷикистон гарон
Нархи сиёҳшиша кардани мошин дар Тоҷикистон боло меравад
Ба далели боло рафтани нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз аввали соли оянда нархи иҷозатномаи яксола барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Арзиши иҷозатнома барои сиёҳшиша кардани мошинҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.
Ҳамин тариқ, қимати сиёҳ кардани шишаи мошинҳои бароришашон баъди 1 январи соли 2005 аз оғози соли оянда 344 сомонӣ гарон мешавад.
Ин болоравӣ ба далели афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, ки аз 1 январи соли 2022 аз 68 сомонии феълӣ ба 72 сомонӣ баробар хоҳад шуд.
Бар асоси муқаррароти ҷорӣ, дар Тоҷикистон арзиши сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои бароришашон то 31 декабри соли 2004 ба 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст, ки аз 1 январи соли 2024 он муодили 4 ҳазору 680 сомонӣ хоҳад буд.
Ин нишондиҳанда барои мошинҳои соли бароришашон аз 1 январи соли 2005 то ҳол 86 нишондиҳанда барои ҳисобҳост, ки аз оғози соли оянда 6 ҳазору 192 сомониро ташкил хоҳад дод. Феълан ин нишондиҳанда 5 ҳазору 848 сомонист.
Дар баробари ин интихобҳои гуногун барои шаҳрвандон дастрасанд.
Аз ҷумла соҳиби мошини истеҳсолаш то соли 2005 метавонанд ба ивази 35 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз 1 январи соли оянда 2 ҳазору 520 сомониро ташкил хоҳад дод, танҳо шишаҳои дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафоро сиёҳ кунанд. Танҳо барои шишаи қафо арзиши яксолаи сиёҳкунӣ 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 504 сомонӣ хоҳад буд.
Барои мошинҳои истеҳсолашон баъди 1 январи соли 2005 нархи сиёҳ кардани шишаҳои дарҳои паҳлуии қафо ва шишаи қафо 45 нишондиҳанда барои ҳисобҳост, ки аз 3 ҳазору 60 сомонии феълӣ то ба 3 ҳазору 240 сомонӣ аз аввали соли оянда хоҳад расид. Танҳо шишаи қафо 12 нишондиҳанда – 864 сомонӣ хоҳад буд.