https://sputnik.tj/20231128/myasnikovich-sahm-iiao-iqtisod-jahon-kofi-afzoish-charo-1060637219.html
Мясникович гуфт, саҳми ИИАО дар иқтисоди ҷаҳонӣ кофӣ афзоиш намеёбад: чаро?
Мясникович гуфт, саҳми ИИАО дар иқтисоди ҷаҳонӣ кофӣ афзоиш намеёбад: чаро?
Sputnik Тоҷикистон
Дар тӯли 8 соли мавҷудияти ИИАО ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз рӯи паритети қобилияти харидорӣ аз 22,8 ҳазор доллар то 33,6 ҳазор доллар афзоиш ёфт
2023-11-28T14:41+0500
2023-11-28T14:41+0500
2023-11-28T14:41+0500
ииао
ммд
иқтисод
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102730/47/1027304738_0:79:3500:2048_1920x0_80_0_0_56ec1733b85b717ff74dc56e275b6574.jpg
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ҳиссаи ИИАО дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба қадри кофӣ афзоиш намеёбад ва ин ба суръати пасти фаъолияти сармоягузорӣ вобаста аст.Дар ин бора раиси Раёсати КИАО Михаил Мясникович зимни ҷаласаи 8-уми Шӯрои машваратии созмон изҳор дошт.Ин иҷлос, ки имрӯз дар Петербург барпо гардид, дар он ҳамкориҳои Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Шӯрои тиҷоратии созмон масъалаҳои кӯмаки молиявӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва ҳамкории ИИАО бо шарикон аз кишварҳои сеюмро баррасӣ шудДар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё хабар додааст. Ба гуфтаи Мясникович давоми 8 соли мавҷудияти ИА ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз рӯи паритети қобилияти харидорӣ аз 22,8 то 33,6 ҳазор доллари ИМА ё қариб якуним баробар афзоиш ёфт. Ба гуфтаи номбурда, сарони кишварҳои ИИАО вазифа гузоштаанд, ки ҳаҷми сармоягузориро ду баробар зиёд кунанд ва ин корро бидуни кумаки бахши соҳибкорӣ анҷом додан ғайриимкон аст. Вай таъкид кард, ки соли оянда аз буҷаи Иттиҳод ҷудо кардани ҳудуди 20 миллион доллар барои дастгирии тарҳҳои ҳамкорӣ дар назар аст ва аз ҷомеаи соҳибкорӣ даъват кард, ки дар корҳои лоиҳавӣ, бахусус дар самтҳои технологӣ фаъолтар шаванд. Аз рӯи натиҷаҳои муҳокима қарор дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳои муштараки Шӯрои тиҷоратии ИИАО ва воҳидҳои сохтории дахлдори КИАО ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои амалии тиҷорати созмон ва шарикони кишварҳои сеюм таҳия карда шавад.
https://sputnik.tj/20231124/overchuk-rusiya-talabot-moshin-barqi-iiao-qone-1060596066.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102730/47/1027304738_769:0:3500:2048_1920x0_80_0_0_999f90c7a10ddf5735aaaf3f53b7da25.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саҳм ииао иқтисод ҷаҳон кофӣ афзоиш
саҳм ииао иқтисод ҷаҳон кофӣ афзоиш
Мясникович гуфт, саҳми ИИАО дар иқтисоди ҷаҳонӣ кофӣ афзоиш намеёбад: чаро?
Дар тӯли 8 соли мавҷудияти ИИАО ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз рӯи паритети қобилияти харидорӣ аз 22,8 ҳазор доллар то 33,6 ҳазор доллар афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ҳиссаи ИИАО дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба қадри кофӣ афзоиш намеёбад ва ин ба суръати пасти фаъолияти сармоягузорӣ вобаста аст.
Дар ин бора раиси Раёсати КИАО Михаил Мясникович зимни ҷаласаи 8-уми Шӯрои машваратии созмон изҳор дошт.
Ин иҷлос, ки имрӯз дар Петербург барпо гардид, дар он ҳамкориҳои Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Шӯрои тиҷоратии созмон масъалаҳои кӯмаки молиявӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва ҳамкории ИИАО бо шарикон аз кишварҳои сеюмро баррасӣ шуд
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё хабар додааст.
Ба гуфтаи Мясникович давоми 8 соли мавҷудияти ИА ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз рӯи паритети қобилияти харидорӣ аз 22,8 то 33,6 ҳазор доллари ИМА ё қариб якуним баробар афзоиш ёфт.
"Барои муқоиса, соли гузашта ММД ба ҳисоби миёна дар ҷаҳон 20,6 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод. Чунин ба назар мерасад, ки хуб аст, аммо саҳми Иттиҳод дар иқтисоди ҷаҳонӣ чандон зиёд нашудааст. Сабаби асосӣ, ба назари ман, он аст, ки суръати фаъолияти сармоягузорӣ нокифоя аст”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, сарони кишварҳои ИИАО вазифа гузоштаанд, ки ҳаҷми сармоягузориро ду баробар зиёд кунанд ва ин корро бидуни кумаки бахши соҳибкорӣ анҷом додан ғайриимкон аст.
Вай таъкид кард, ки соли оянда аз буҷаи Иттиҳод ҷудо кардани ҳудуди 20 миллион доллар барои дастгирии тарҳҳои ҳамкорӣ дар назар аст ва аз ҷомеаи соҳибкорӣ даъват кард, ки дар корҳои лоиҳавӣ, бахусус дар самтҳои технологӣ фаъолтар шаванд.
Аз рӯи натиҷаҳои муҳокима қарор дода шуд, ки нақшаи чорабиниҳои муштараки Шӯрои тиҷоратии ИИАО ва воҳидҳои сохтории дахлдори КИАО ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои амалии тиҷорати созмон ва шарикони кишварҳои сеюм таҳия карда шавад.