https://sputnik.tj/20231127/tojikiston-niyat-dorad-ba-agroekspress-bipayvandad-1060613007.html
Тоҷикистон ният дорад ба "Агроэкспресс" бипайвандад
Тоҷикистон ният дорад ба "Агроэкспресс" бипайвандад
Sputnik Тоҷикистон
Тарҳи мазкур имкон медиҳад, ки таҳвили маҳсулоти зудвайроншаванда, аз ҷумла аз Русия ба Тоҷикистон ва баръакс зудтар анҷом пазирад
2023-11-27T09:08+0500
2023-11-27T09:08+0500
2023-11-27T09:08+0500
кишоварзӣ
дар тоҷикистон
интиқол
роҳ
ҳамлу нақл
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0b/1057050999_0:56:3252:1885_1920x0_80_0_0_7974da38cab6ed85f4eb942dcbf70e17.jpg
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Имконияти пайвастшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи "Агроэкспресс" дар доираи нақшаи тасдиқшуда бо Русия мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Ба иттилои масъулини нақлиёти Тоҷикистон, ин лоиҳа муҳлати таҳвили маҳсулоти зудвайроншавандаро суръат мебахшад. Тавассути "Агроэкспресс" аз Русия маҳсулоти зудвайроншаванда ба монанди гӯшт, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ, сабзавоти тару тоза, меваю гиёҳ ва дигар ба Чину Осиёи Марказӣ интиқол дода мешавад. Муҳлати интиқоли мол 5-7 рўзро дар бар мегирад.Тоҷикистон аз ин тарҳ метавонад бо он бурд кунад, ки маҳсулоти босифату тозаи кишоварзию бо харҷи ками вақт ба хориҷ интиқол диҳанд. Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар Маскав Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Тоҷкиистону Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳа ва инчунин Нақшаи амали ҳамкории ду давлат барои солҳои 2023-2025 имзо шуда буд. Маҳз дар доираи ин нақша барои солҳои 2023-2025 имконияти пайвастшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи "Агроэкспресс" дар назар аст. Маврид ба зикр аст, ки Русия солҳо шарики аслии тиҷории Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳамчунин кишоварзони тоҷик бисёре аз меваю сабзавоти худро ба Русия интиқол медиҳанд.
https://sputnik.tj/20231118/nigaronii-maqomot-khatlon-kambudi-nazorat-tanzimi-sohai-naqlyot-1060507391.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0b/1057050999_32:0:2763:2048_1920x0_80_0_0_bd7fa884af741070b022914d0e0c428e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамл, нақл, тоҷикистон, русия, афзоиш, фаврӣ
ҳамл, нақл, тоҷикистон, русия, афзоиш, фаврӣ
Тоҷикистон ният дорад ба "Агроэкспресс" бипайвандад
Тарҳи мазкур имкон медиҳад, ки таҳвили маҳсулоти зудвайроншаванда, аз ҷумла аз Русия ба Тоҷикистон ва баръакс зудтар анҷом пазирад
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Имконияти пайвастшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи "Агроэкспресс" дар доираи нақшаи тасдиқшуда бо Русия мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Ба иттилои масъулини нақлиёти Тоҷикистон, ин лоиҳа муҳлати таҳвили маҳсулоти зудвайроншавандаро суръат мебахшад.
Тавассути "Агроэкспресс" аз Русия маҳсулоти зудвайроншаванда ба монанди гӯшт, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ, сабзавоти тару тоза, меваю гиёҳ ва дигар ба Чину Осиёи Марказӣ интиқол дода мешавад. Муҳлати интиқоли мол 5-7 рўзро дар бар мегирад.
Тоҷикистон аз ин тарҳ метавонад бо он бурд кунад, ки маҳсулоти босифату тозаи кишоварзию бо харҷи ками вақт ба хориҷ интиқол диҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар Маскав Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Тоҷкиистону Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳа ва инчунин Нақшаи амали ҳамкории ду давлат барои солҳои 2023-2025 имзо шуда буд.
Маҳз дар доираи ин нақша барои солҳои 2023-2025 имконияти пайвастшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи "Агроэкспресс" дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки Русия солҳо шарики аслии тиҷории Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳамчунин кишоварзони тоҷик бисёре аз меваю сабзавоти худро ба Русия интиқол медиҳанд.