https://sputnik.tj/20231118/nigaronii-maqomot-khatlon-kambudi-nazorat-tanzimi-sohai-naqlyot-1060507391.html
Нигаронии мақомоти Хатлон аз ҷой доштани камбудиҳо дар назорат ва танзими соҳаи нақлиёт
Нигаронии мақомоти Хатлон аз ҷой доштани камбудиҳо дар назорат ва танзими соҳаи нақлиёт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хатлон аз ҳамкории нокифояи раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт ва дигар сохторҳои марбута изҳори нигаронӣ кардааст
2023-11-18T09:02+0500
2023-11-18T09:02+0500
2023-11-20T14:33+0500
дар тоҷикистон
хатлон
мақомот
нигаронӣ
нақлиёт
ҳодиса
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/11/1060507199_0:0:769:432_1920x0_80_0_0_61e9cb473afd2813f17a3f3a07d6e9f8.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя – Sputnik. Яке аз сабабҳои асосии сар задани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ пеш аз ҳама, ин аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад, гуфт дар як ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин.Вай гуфт, дар аксари ҳол сар задани ҳодисаҳои нақлиётӣ, ин ба талаботи бехатарии ҳаракат ҷавобгӯй набудани ҳолати роҳу кӯчаҳо, воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ, ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, дониши номукамал, маҳорати пасти касбии ронандагон, кам будани гузаргоҳҳои зеризаминӣ, роҳҳои пиёдагард (тротуар), аломатҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ, бахусус ба миқдори даркорӣ мавҷуд набудани чароғакҳо, дар сатҳи паст қарор доштани корҳои профилактикӣ, мебоша.“Ба сар задани ҳодисаҳои нақлиётӣ, сатҳи пасти омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мавҷуд набудани ташаббускорӣ аз ҷониби васоити ахбори омма дар бораи ташвиқу тарғиби бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ғайра мусоидат намудааст", - гуфт муовини раиси вилояти Хатлон.Вай ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷониби Раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлёти минтақаҳои Бохтару Кӯлоб корҳои муайяне ба анҷом расидааст, аммо то ҳанӯз тамбашавӣ дар атрофи бозорҳои марказии шаҳру ноҳияиҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Панҷ, Восеъ, Вахш, А. Ҷомӣ, ва Данғара ҷой дорад.“Ин кор аз ҳамкории нокифояи раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт ва дигар сохторҳои марбута маҳсуб меёбад”, - гуфт мақомдори тоҷик.Дар анҷом муовини раиси вилоят қайд кард, ки барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҷуӣ намоянд, раисони камисияи шаҳру навоҳӣ то давраи ҳисоботии навбатӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, ҳисобот диҳанд.
https://sputnik.tj/20231110/sel-khatlon-dahho-zamin-khona-obu-loy-1060414987.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/11/1060507199_81:0:657:432_1920x0_80_0_0_d4f47cc4518ca557a64cb850d3330a79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, танзим, нақлиёт, нигарони, мақомот
тоҷикистон, хатлон, танзим, нақлиёт, нигарони, мақомот
Нигаронии мақомоти Хатлон аз ҷой доштани камбудиҳо дар назорат ва танзими соҳаи нақлиёт
09:02 18.11.2023 (Навсозишуда: 14:33 20.11.2023) Мақомоти Хатлон аз ҳамкории нокифояи раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт ва дигар сохторҳои марбута изҳори нигаронӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 18 ноя – Sputnik. Яке аз сабабҳои асосии сар задани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ пеш аз ҳама, ин аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад, гуфт дар як ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин.
Вай гуфт, дар аксари ҳол сар задани ҳодисаҳои нақлиётӣ, ин ба талаботи бехатарии ҳаракат ҷавобгӯй набудани ҳолати роҳу кӯчаҳо, воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ, ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, дониши номукамал, маҳорати пасти касбии ронандагон, кам будани гузаргоҳҳои зеризаминӣ, роҳҳои пиёдагард (тротуар), аломатҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ, бахусус ба миқдори даркорӣ мавҷуд набудани чароғакҳо, дар сатҳи паст қарор доштани корҳои профилактикӣ, мебоша.
“Ба сар задани ҳодисаҳои нақлиётӣ, сатҳи пасти омӯзиши қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мавҷуд набудани ташаббускорӣ аз ҷониби васоити ахбори омма дар бораи ташвиқу тарғиби бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ғайра мусоидат намудааст", - гуфт муовини раиси вилояти Хатлон.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷониби Раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлёти минтақаҳои Бохтару Кӯлоб корҳои муайяне ба анҷом расидааст, аммо то ҳанӯз тамбашавӣ дар атрофи бозорҳои марказии шаҳру ноҳияиҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Панҷ, Восеъ, Вахш, А. Ҷомӣ, ва Данғара ҷой дорад.
“Ин кор аз ҳамкории нокифояи раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт ва дигар сохторҳои марбута маҳсуб меёбад”, - гуфт мақомдори тоҷик.
Дар анҷом муовини раиси вилоят қайд кард, ки барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҷуӣ намоянд, раисони камисияи шаҳру навоҳӣ то давраи ҳисоботии навбатӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, ҳисобот диҳанд.