“Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”дар Душанбе: Толибон* низ даъват шуданд

© Sputnik Глава Фронта национального сопротивления Афганистана Ахмад Масуд
Глава Фронта национального сопротивления Афганистана Ахмад Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2023
Обуна шудан
Толибон* на ба унвони ҳукумат, чун то ба ҳол аз сӯи ҳеҷ як кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта нашудаанд, балки ба унвони як ҷараён ё гуруҳи сиёсӣ даъват шудааст
ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Ёздаҳумин даври “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, бузургтарин конфронси сатҳи ҷаҳонӣ дар робита ба Афғонистон, дар Душанбе шурӯъ ба кор кард.
Ин бори дуввум аст, ки Душанбе мизбони ин чорабинии байнулмилалӣ мешавад. Довуди Муродиён, раиси Институти мутолиоти стратегии Афғонистон, ки мубтакир ва баргузоркунандаи ин нишаст аст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, далели баргузории ин конфронс дар Тоҷикистон қабл аз ҳама ба талошҳои холисона ва дӯстонаи ҳукумати ин кишвар барои ҳалли сиёсии буҳрони Афғонистон аст.
“Шахсан ҷаноби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта аз баргузории ин конфронс пуштибонӣ карда буданд ва имсол низ ин имконро ба мо доданд, ки он баргузор шавад ва инро мо як дилсӯзии раҳбари Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон арзёбӣ мекунем”, - гуфт Довуди Муродиён.
Вай гуфт, ҳудуди 120 нафар дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” ширкат хоҳанд кард, ки ба се категория тақсим мешаванд.

“Ҳудуди 50 нафар меҳмонони хориҷӣ аз ҳудуди 25 кишвари минтақаву фароминтақа даъват шудаанд, ки тамоми қораҳоро намояндагӣ мекунанд. Шурӯъ аз Амрикои Лотин ва Шимолӣ то Африқову Аврупо ва Осиё”, - гуфт раиси Институти мутолиоти стратегии Афғонистон.

Довуди Муродиён афзуд, 45 то 50 нафар аз Афғонистон ҳастанд, ки аз тамоми қишрҳои ҷомеа, аҳзоби сиёсӣ ва ақвоми кишвар намояндагӣ мекунанд. Ҳамзамон намояндагони тамоми сафоратҳои муқими Тоҷикистон низ даъват шудаанд ва изҳори омодагӣ барои ширкат кардаанд.
“Вақте сухан аз як ҳукумати ҳамашумул мегӯем, мо талош кардем, ки ҳамаро даъват кунем ва ин 50 нафар ойинаи Афғонистони имрӯз ҳастанд. Ин дафъа аз Ҳизби Ҷамъияти исломӣ, Ҳизби ваҳдат, Ҳизби исломии Ҳикматёр ва афроди наздик ба Толибон низ дар ин нишаст ширкат мекунанд”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, аз Толибон на ба унвони ҳукумат, чун то ба ҳол аз сӯи ҳеҷ як кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта нашудаанд, балки ба унвони як ҷараён ё гуруҳи сиёсӣ даъват шудааст.
Вид на Тульский Кремль со стороны Казанской набережной на закате дня. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Эътирози Тоҷикистон ба бархе бандҳои эъломияи Қазон дар мавриди Афғонистон
“Мо ба вазорати иттилооту фарҳанги Толибон низ нома фиристода, аз онҳо даъват карда будем. Аммо то ба ҳол посухи мусбат ё манфӣ нагирифтаем”, - гуфт Довуди Муродиён.
Ба қавли ӯ, гурӯҳи сеюм оркестри миллии Афғонистон аст, ки чанд соли гузашта дар Кобул таъсис ёфта, аксари навозандагони он духтархонумҳо ҳастанд.
Конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” аз соли 2012 ба ин сӯ аз сӯи Институти мутолиоти стратегии Афғонистон ба роҳ андохта, то соли 2020 дар шаҳри Ҳироти Афғонистон 9 даври он баргузор шудааст.
Пас аз суқути Афғонистон Институти мутолиоти стратегии Афғонистон ба Аврупо кӯч кард ва соли гузашта конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” бо баргузории даври 10-ум дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон кори худро аз сар гирифт.
Конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” ду рӯз идома хоҳад кард ва дар толори меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенси баргузор хоҳад шуд.
*Ин созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0