Эътирози Тоҷикистон ба бархе бандҳои эъломияи Қазон дар мавриди Афғонистон

© Sputnik / Григорий СысоевВид на Тульский Кремль со стороны Казанской набережной на закате дня.
Вид на Тульский Кремль со стороны Казанской набережной на закате дня. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Обуна шудан
Намояндагони Тоҷикистон бар зидди чанд нуктаи эъломия дар ҷамъбасти нишасти "формати Маскав" дар шаҳри Қазон баромадаанд, изҳор доштанд мақомоти Русия
ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Қариб ҳамаи иштирокдорони нишасти "формати Маскав" дар шаҳри Қазон эъломияи ниҳоиро мувофиқа кардаанд, ба истиснои Тоҷикистон.
Ин нуктаро намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири департаменти дувуми осиёии Вазорати умури хориҷии ин кишвар, Замир Кабулов ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ширкаткунандагони "формати Маскав" дар бораи Афғонистон эъломияро дар пайи нишасти Қазон тасвиб карданд, ба ҷуз аз намояндаҳои Тоҷикистон, ки ба чанде аз бандҳои он эътироз доштанд.
"Кори мо ба анҷом расид, эъломияи Қазонро ба ҷуз аз Тоҷикистон тақрибан ҳама пазируфтаанд. Шарикони тоҷик ба баъзе нуктаҳои ин эъломия эътироз доранд", - изҳор дошт Кобулов.
Вай тафсилоти эътирози мақомдорони тоҷикро наовард ва гуфт метавон ин масъаларо бевосита аз онҳо пурсид, ки худашон чӣ тавзеҳот доранд.
Панҷумин нишасти машваратии "формати Маскав" дар масоили Афғонистон, ки ба он кишварҳои ҳамсоя шомиланд, рӯзи дар Қазон баргузор шуд.
"Формати Маскав"-и машваратҳо дар масоили сулҳу ҷанги Афғонистон соли 2017 таъсис дода шуда буд. Охирин чунин мулоқот моҳи ноябри соли 2022 баргузор гардида буд, ки он замон намояндагони Толибон* ба он даъват нашуда буданд.
Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2023
Муттаққӣ гуфт, ҳукумати фарогир дар Афғонистон хатар дорад
Толибон* пештар дар маҷмӯъ аз формати Маскав хуш истиқбол гирифта, таъкид намуда буданд, ки тамаркузи таваҷҷӯҳ ба сулҳ дар Афғонистон ҳамчун кишвари воҳид ва мустақил аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта қобили дастгирист.
Ин гуруҳ, ки ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли 2021 ғасб карда буд, феълан эътирофи расмии байналмилалиро надорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз толибон ташаккули ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳои ва гуруҳҳои сиёсии кишварро талаб дорад, ки феълан ба кундӣ иҷро шуда истодааст.
*-гуруҳ барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0