Пажӯҳиш: Муҳоҷирон оилаю сокинони Маскав корро ҳадафи зиндагӣ хондаанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкРабочие на строительной площадке
Рабочие на строительной площадке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2023
Обуна шудан
Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти демографии Академияи илмҳои Русия дар як назарсанҷӣ муайян кардаст, ки фарқияти байни сокинони Маскав ва муҳоҷирон дар чист
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва москвагиҳо аҳдофи зиндагии фарқкунанда доранд.
Дар ин бора Пажӯҳишгоҳи демографии Академияи илмҳои Русия дар пайи як назарпурсӣ хабар дод.
Ҳамин тариқ, барои муҳоҷирон оила дар ҷои аввал меистад - онро қариб 57% пурсидашудагон қайд кардаанд.
Ҳиссаи сокинони Маскав ва вилояти Маскав, ки ҳамин ҳадафро дар қатори муҳимтаринҳо ном бурдаанд, беш аз ду баробар камтар - 25% баромад.
Дар ҳамин ҳол, як кори ҷолибе, ки имкон медиҳад қобилият ва истеъдоди худро нишон диҳад, барои 30% муҳоҷирон ва 42% москвагиҳо муҳим аст.
Зиндагӣ аз рӯи ростӣ, виҷдон ва адолат барои 27% муҳоҷирон ва 15% сокинони пойтахти Русия арзишманд аст.
Константин Затулин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2023
Затулин шарҳ дод, ки барои чӣ ҷалби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ барои Русия муҳим аст
Илова бар ин, озодии номаҳдуди сухан ва амал барои 13% муҳоҷирон ва 6% москвагиҳо муҳим аст.
Аз ин ҳама бармеояд, ки сокинони пойтахти Русия ҳадафи худро доштани фаъолияти касбии муваффақ ва муҳоҷирон бунёди оилаи мустаҳкам гузоштаанд.
Русия калонтарин қабулкунандаи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ мебошад, ки аз ҷумла садҳо ҳазор нафар аз Тоҷикистон низ дар қаламрави ин кишвар фаъолият доранд.
Вазорати корҳои дохилии Русия тасмим гирифтааст, ки назорат аз болои муҳоҷирони воридшаванда ба кишварро пурзӯр кунад. Пешниҳод шуда буд, ки дар фурудгоҳҳои Маскав изи ангушт ва аксбардории муҳоҷирон ҳангоми ворид шудан ба пойтахт сурат гирад, , гуфт сардори Сарраёсати корҳои дохилии Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират, Валентина Казакова.
Ба гуфтаи вай, ин барои он зарур аст, ки афроде, ки маълумотро дар бораи худ иваз мекунанд, ба қаламрави Русия ворид нашаванд.
Лентаи хабарҳо
0