https://sputnik.tj/20231119/zatulinjalbi-muhojiron-osiyoi-markazi-rusiya-muhim-1060518788.html
Затулин шарҳ дод, ки барои чӣ ҷалби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ барои Русия муҳим аст
Затулин шарҳ дод, ки барои чӣ ҷалби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ барои Русия муҳим аст
Sputnik Тоҷикистон
Вакили парлумони Русия мегӯяд агар кишвараш мехоҳад Осиёи Марказиро дар доираи ИИАО муттаҳид созад, бояд манфиатҳои давлатҳои минтақаро ба инобат гирад
2023-11-19T17:59+0500
2023-11-19T17:59+0500
2023-11-20T11:27+0500
русия
дар русия
муҳоҷират
ҳамгироӣ
ииао
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102055/08/1020550878_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_4c57f8a5c73ba7da51b50c8ff682c5ba.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ахиран муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури корҳои ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва равобит бо ҳамватанон Константин Затулин дар радиои "Говорит Москва" гуфт, ки барои нигоҳ доштан ва ҳамгироии кишварҳои ОСиёи Марказӣ бо Русия ва ИИАО ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз ин кишварҳо муҳим аст.“Мо дар таъсиси ИИАО ва нигоҳ доштани як навъ модели ҳамгироӣ, ки барои ҷумҳуриҳои собик Шӯравӣ ҷолиб мебуд, мушкили пайдо мекунем. Ақаллан, мо бояд коре кунем, ки онҳо ба дигар моделҳову иттиҳодҳо нараванд. Ҳоло онҳо ба интихоб озоданд.”, - гуфт ӯ.Ҳамчунин оқои Затулин илова кард, ки Русия дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як модели ҳамгироӣ бунёд менамояд, ки таркиби ин иттиҳод маълум аст ва дар он давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, Белорус низ ҳаст, аммо ин ягона истисно дар самти Аврупост ва давлатҳои Осиёи Марказӣ на ҳама: Туркманистон, Тоҷикистон шомил нестанд.“Чӣ гуна шумо интизор доред, ки ин ҳамгироии АвруОсиёро ривоҷ диҳед, агар таваҷҷӯҳи бештари ин кишварҳо дар ин ҳамгироӣ аз байн бурдани бекорӣ дар кишварҳояшон мебошад. Онҳо талош доранд ба мардуми худ имкони ба даст овардани пулро фароҳам созанд, то таркиши иҷтимоӣ рух надиҳад. Онҳо ин корро аз куҷо меҷӯянд? Онро дар Русия ҷустуҷӯ мекунанд. Биёед роҳи онҳоро бибандем! Аммо пас шумо метавонед дар бораи ҳамгироӣ дигар сӯҳбат накунед”, - таъкид кард оқои ЗатулинВакили парлумони Русия қаблан дар бораи фаъолияти расонаҳои ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ алайҳи Русия хабар дода буд. Онҳо маълумотро таҳриф карда, аз кишвари мо душман месозанд.Ҳоло кор дидаву дониста барои таҳриф кардани гузоришҳо дар бораи пешрафти амалиёти вижа идома дорад ва мегӯянд, ки гӯё тамоми муҳоҷирон сафарбар карда мешаванд, гуфт вакили парлумон.
https://sputnik.tj/20231025/mushiston-khostor-nazorat-beshtar-muhojiron-1060141306.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102055/08/1020550878_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_2f6cd0f1d8ea66af1faec59532ffee55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ҳамгироӣ, осиёи марказӣ, ииао, муҳоҷират, муттаҳид, инобат
русия, ҳамгироӣ, осиёи марказӣ, ииао, муҳоҷират, муттаҳид, инобат
Затулин шарҳ дод, ки барои чӣ ҷалби муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ барои Русия муҳим аст
17:59 19.11.2023 (Навсозишуда: 11:27 20.11.2023) Вакили парлумони Русия мегӯяд, агар кишвараш мехоҳад Осиёи Марказиро дар доираи ИИАО муттаҳид созад, бояд манфиатҳои давлатҳои минтақаро ба инобат гирад
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ахиран муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури корҳои ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва равобит бо ҳамватанон Константин Затулин дар радиои
"Говорит Москва" гуфт, ки барои нигоҳ доштан ва ҳамгироии кишварҳои ОСиёи Марказӣ бо Русия ва ИИАО ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз ин кишварҳо муҳим аст.
“Мо дар таъсиси ИИАО ва нигоҳ доштани як навъ модели ҳамгироӣ, ки барои ҷумҳуриҳои собик Шӯравӣ ҷолиб мебуд, мушкили пайдо мекунем. Ақаллан, мо бояд коре кунем, ки онҳо ба дигар моделҳову иттиҳодҳо нараванд. Ҳоло онҳо ба интихоб озоданд.”, - гуфт ӯ.
Ҳамчунин оқои Затулин илова кард, ки Русия дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як модели ҳамгироӣ бунёд менамояд, ки таркиби ин иттиҳод маълум аст ва дар он давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, Белорус низ ҳаст, аммо ин ягона истисно дар самти Аврупост ва давлатҳои Осиёи Марказӣ на ҳама: Туркманистон, Тоҷикистон шомил нестанд.
“Чӣ гуна шумо интизор доред, ки ин ҳамгироии АвруОсиёро ривоҷ диҳед, агар таваҷҷӯҳи бештари ин кишварҳо дар ин ҳамгироӣ аз байн бурдани бекорӣ дар кишварҳояшон мебошад. Онҳо талош доранд ба мардуми худ имкони ба даст овардани пулро фароҳам созанд, то таркиши иҷтимоӣ рух надиҳад. Онҳо ин корро аз куҷо меҷӯянд? Онро дар Русия ҷустуҷӯ мекунанд. Биёед роҳи онҳоро бибандем! Аммо пас шумо метавонед дар бораи ҳамгироӣ дигар сӯҳбат накунед”, - таъкид кард оқои Затулин
Вакили парлумони Русия қаблан дар бораи фаъолияти расонаҳои ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ алайҳи Русия хабар дода буд. Онҳо маълумотро таҳриф карда, аз кишвари мо душман месозанд.
Ҳоло кор дидаву дониста барои таҳриф кардани гузоришҳо дар бораи пешрафти амалиёти вижа идома дорад ва мегӯянд, ки гӯё тамоми муҳоҷирон сафарбар карда мешаванд, гуфт вакили парлумон.