https://sputnik.tj/20231125/tojikistonu-ozarboyjon-hamkori-muqovimat-korrupsiya-1060605236.html
Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамкорӣ дар бахши муқовимат бо коррупсияро тақвият медиҳанд
Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамкорӣ дар бахши муқовимат бо коррупсияро тақвият медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Озарбойҷон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
2023-11-25T16:22+0500
2023-11-25T16:22+0500
2023-11-25T16:22+0500
дар тоҷикистон
озарбойҷон
ҳамкорӣ
равобит
коррупсия
санад
имзо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/19/1060605070_0:0:601:338_1920x0_80_0_0_e5ed7ab96f78d88f6c3874fbc29708b5.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2024-2025 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ санади нави ҳамкорӣ зимни мулоқоти директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ва Прокурори генералии Озарбойҷон Камран Алиев, ки дар шаҳри Боку баргузор шуд, имзо гардид.Қайд карда шуд, ки баимзорасонии ин барнома ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия мусоидат хоҳад намуд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев сурат гирифт ва дар он муносибатҳои боэътимоди байни ду кишвар дар ҳамаи самтҳо баррасӣ шудДар мулоқот таъкид карда шуд, ки соли равон сарфи назар аз тамоюлоти буҳронӣ дар низоми равобити байналмилалӣ барои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон хеле бобарор будааст.
https://sputnik.tj/20231010/tojikistonu-ozarboyjon-gustarishi-hamkoriho-dujoniba-1059880002.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/19/1060605070_7:0:540:400_1920x0_80_0_0_e42e4409cd21fc36e7e751aaf6f7c1d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тақвият, ҳамкорӣ, равобит, агентии коррупсия, прокуратура, озарбойҷон
тоҷикистон, тақвият, ҳамкорӣ, равобит, агентии коррупсия, прокуратура, озарбойҷон
Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамкорӣ дар бахши муқовимат бо коррупсияро тақвият медиҳанд
Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Озарбойҷон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2024-2025 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ санади нави ҳамкорӣ зимни мулоқоти директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ва Прокурори генералии Озарбойҷон Камран Алиев, ки дар шаҳри Боку баргузор шуд, имзо гардид.
Қайд карда шуд, ки баимзорасонии ин барнома ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия мусоидат хоҳад намуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев сурат гирифт ва дар он муносибатҳои боэътимоди байни ду кишвар дар ҳамаи самтҳо баррасӣ шуд
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки соли равон сарфи назар аз тамоюлоти буҳронӣ дар низоми равобити байналмилалӣ барои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон хеле бобарор будааст.