https://sputnik.tj/20231010/tojikistonu-ozarboyjon-gustarishi-hamkoriho-dujoniba-1059880002.html
Тоҷикистону Озарбойҷон густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Озарбойҷон густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва Озарбойҷон бар густариши ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ
2023-10-10T14:59+0500
2023-10-10T14:59+0500
2023-10-10T14:59+0500
дар тоҷикистон
озарбойҷон
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
сиёсат
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0a/1059875612_0:29:1200:704_1920x0_80_0_0_626da04d80ba2b47b7ab5fe93268d1a3.png
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар шаҳри Боку дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи 27-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Озарбойҷон иброз доштанд.“Дар ин замина зарурати истифодаи имкониятҳои фаррох дар самти тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, алалхусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, таъкид карда шуд”, - қайд кард манбаъ.Ҳамзамон, дар ин мулоқот тарафҳо атрофи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сарвазирони Тоҷикистону Озарбойҷон, Қоҳир Расулзода ва Алӣ Асадов дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.Душанбе ва Боку имконоти ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва иртибототро бузург арзёбӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20231010/boku-eron-tojikiston-masoil-mintaqavi-baynalmilali-barrasi-1059877678.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/0a/1059875612_112:0:1088:732_1920x0_80_0_0_c1c16c5dadc3cfac548dc5b9b9fb0375.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, озарбойҷон, ҳамкориҳо, баррасӣ, густариш, энергетиқа, кишоварзӣ, вух, сироҷиддин муҳриддин
тоҷикистон, озарбойҷон, ҳамкориҳо, баррасӣ, густариш, энергетиқа, кишоварзӣ, вух, сироҷиддин муҳриддин
Тоҷикистону Озарбойҷон густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд
Таъкиди мақомоти Тоҷикистон ва Озарбойҷон бар густариши ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар шаҳри Боку дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи 27-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Озарбойҷон иброз доштанд.
“Дар ин замина зарурати истифодаи имкониятҳои фаррох дар самти тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, алалхусус дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, таъкид карда шуд”, - қайд кард манбаъ.
Ҳамзамон, дар ин мулоқот тарафҳо атрофи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сарвазирони Тоҷикистону Озарбойҷон, Қоҳир Расулзода ва Алӣ Асадов дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Душанбе ва Боку имконоти ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, бахусус дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва иртибототро бузург арзёбӣ мекунанд.