https://sputnik.tj/20231125/prokuratura-faoliyati-maqomot-zamin-qonunshikani-1060601299.html
Прокуратура: Ҳануз дар фаъолияти мақомот дар масъалаи замин қонуншикании ҷиддӣ ҷой доранд
Прокуратура: Ҳануз дар фаъолияти мақомот дар масъалаи замин қонуншикании ҷиддӣ ҷой доранд
Sputnik Тоҷикистон
Прокуратураи генералии Тоҷикистон мегӯяд вазъи истифодаи замин дар ҷумҳурӣ беҳтар гардидааст. Аммо ҳанӯз ҳам қонуншиканиҳо ҷиддӣ ҷой доранд
2023-11-25T12:15+0500
2023-11-25T12:15+0500
2023-11-25T12:15+0500
дар тоҷикистон
прокуратураи генералӣ
замин
фурӯши қитъаҳои замин
қонуншиканӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/19/1060601133_0:37:600:375_1920x0_80_0_0_8d85c874c82d5720d6c6da37a1fa8164.jpg
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар мавриди истифодаи самараноку оқилонаи замин ҷаласа баргузор шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод.Тибқи таҳлилҳои прокуратураи генералӣ, вазъи истифодаи замин дар ҷумҳурӣ беҳтар гардидааст. Аммо ҳанӯз ҳам дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораи замин, меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ, шаҳрвандон ва дигар заминистифодабарандагон қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ ҷой доранд.Дар давраи таҳлилӣ прокуророн барои бартараф кардани ин қонунвайронкуниҳо ба унвони шахсони мансабдор 8435 амр, 4149 пешниҳод ва ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 4066 эътироз оварда, шудааст.Масъулини прокуратураи генералӣ қайд карданд, ки 3864 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ, 16716 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 3696 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва майдони 49151,72 гектар заминҳои худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.Дар ин ҷаласа Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба масъулини соҳаи замин, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва прокурорҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар самти истифодаи замин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
https://sputnik.tj/20231012/hazor-qonunshikani-zamin-oshkor-1059910709.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/19/1060601133_67:0:600:400_1920x0_80_0_0_24a054cbe3e7a9f9c0dd467de4337952.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фаъолият, мақомот, замин, қонуншиканӣ, прокуратураи генералӣ, юсуф раҳмон
тоҷикистон, фаъолият, мақомот, замин, қонуншиканӣ, прокуратураи генералӣ, юсуф раҳмон
Прокуратура: Ҳануз дар фаъолияти мақомот дар масъалаи замин қонуншикании ҷиддӣ ҷой доранд
Прокуратураи генералии Тоҷикистон мегӯяд вазъи истифодаи замин дар ҷумҳурӣ беҳтар гардидааст. Аммо ҳанӯз ҳам қонуншиканиҳо ҷиддӣ ҷой доранд
ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар мавриди истифодаи самараноку оқилонаи замин ҷаласа баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи таҳлилҳои прокуратураи генералӣ, вазъи истифодаи замин дар ҷумҳурӣ беҳтар гардидааст. Аммо ҳанӯз ҳам дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, идораи замин, меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ, шаҳрвандон ва дигар заминистифодабарандагон қонунвайронкуниҳои ҷиддӣ ҷой доранд.
Дар давраи таҳлилӣ прокуророн барои бартараф кардани ин қонунвайронкуниҳо ба унвони шахсони мансабдор 8435 амр, 4149 пешниҳод ва ба қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо 4066 эътироз оварда, шудааст.
Масъулини прокуратураи генералӣ қайд карданд, ки 3864 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомӣ, 16716 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 3696 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва майдони 49151,72 гектар заминҳои худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.
Дар ин ҷаласа Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба масъулини соҳаи замин, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва прокурорҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар самти истифодаи замин дастуру супоришҳои мушаххас дод.