"Об мешаванд": Дар Бритониё гуфтанд, ки Ғарби хаста аз ҷанги Украина бо Русия сулҳ мехоҳад

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Лондон
Города мира. Лондон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2023
Обуна шудан
Ба гуфтаи коршинос, суқути саноати ИМА ва муттаҳидонаш ба камбуди лавозимоти ҷангӣ оварда расонд, дар ҳоле ки Русия натиҷаи чашмгири баръаксро нишон дод
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ғарб дар ҳолати заъф қарор дорад, сулҳ мехоҳад, аммо ҳоло ба созиш омадани Русия фоида надорад.
Дар ин бора иқтисоддони аршад Филип Пилкингтон дар мақолаи дар портали бритонии UnHerd изҳори назар кардааст.

"Роҳбарони ғарбӣ дар бораи геополитикаи гӯё соли 1823 фикр мекунанд, на соли 2023 ва нуфузи онҳо дар арсаи ҷаҳонӣ дар пеши назари мо об мешавад. Ҳоло, ки аз имконоти низомӣ (барои хотима додани низоъ дар Украина ба манфиати Ғарб. - Ред.) хаста шудаанд, сулҳ мехоҳанд, аммо дар ҳолати заифӣ қарор доранд”, - мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи иқтисоддон, низоъ дар Украина боиси заиф шудани иқтисоди Аврупо шудааст.
Болоравии нархи энергия заминаи истеҳсолии дунёи кӯҳнаро "вайрон" карда, онро аз рақобат дар бозори ҷаҳонӣ маҳрум кард, қайд кард таҳлилгар.
Пилкингтон гуфт, ки Ғарб аллакай тамоми захираҳоро барои пуштибонӣ аз Украина тамом кардааст ва “барои онҳо артиши дигар намесозад”.
Дар идома коршинос афзуд, суқути саноати ИМА ва муттаҳидонаш ба камбуди лавозимоти ҷангӣ оварда расонд, дар ҳоле ки Русия нишон дод, ки дар сурати зарурат ба осонӣ метавонад миқдори ғайрибовари тӯпхонаҳоро тавлид кунад.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Роҳи дигар нест": Ғарб Зеленскийро бо гузаштҳо ба музокирот тела медиҳад
"Саволе ба миён меояд: Чаро русҳо ба сари мизи гуфтушунид оянд, агар онҳо дар самтҳои муҳими стратегӣ пешравӣ кунанд?" — пурсид Пилкингтон.
Ахиран расонаҳои ғарбӣ бештар менависанд, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо аз муноқишаи Украина хаста шудаанд ва ҳимоят аз режими Киев заиф мешавад.
Ба гузориши NBC, мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ алакай бо Киев паёмадҳои эҳтимолии музокироти сулҳ бо Русия, аз ҷумла тарҳи умумии он чизеро, ки Украина барои расидан ба созиш бояд даст кашад, баррасӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0