https://sputnik.tj/20230814/viloyati-sugd-shumori-nafaqagiron-kohish-1058802250.html
Дар вилояти Суғд шумори нафақагирон коҳиш ёфтааст
Дар вилояти Суғд шумори нафақагирон коҳиш ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои ҳукумати вилояти Суғди Тоҷикистон, алҳол ҳаҷми миёнаи маблағи нафақа дар ин вилоят 303 сомонӣ ҳисоб карда мешавад
2023-08-14T09:01+0500
2023-08-14T09:01+0500
2023-08-14T18:19+0500
дар тоҷикистон
суғд
нафақа
иҷтимоъ
маблағ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044342034_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_a35961b33eb3fa1456d4ccab803f0369.jpg
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Бо вуҷуди афзоиши шумори аҳолӣ, теъдоди нафақагирон дар шимоли Тоҷикистон кам шудааст.Сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд, Қосимзода Сулаймон Одинашоҳ шарҳ дод, ки омори нафақагирон чи теъдод поён шудааст.“Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ шумори нафақгирон 233 ҳазору 480 нафар ҳисоб шудаанд, ки ин теъдод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 4689 нафар ва ё ба андозаи 2% коҳиш ёфтааст” – гуфт, Қосимзода дар нишасти матбуотӣ.Бар пояи иттилоъи манбаъ тамоюли камшавӣ бештар дар шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Хуҷанд мушоҳида шудааст.Дар идораҳои нафақа масъулин яке аз сабабҳои коҳишёбии омори нафақагиронро ба муҳоҷират ва муқимӣ шудани онҳо дар Русия шарҳ медиҳанд.Бино ба иттилоъи манбаъ, алҳол аз шумори умумӣ 100043 нафар нафақаи меҳнатӣ, 12639 нафар нафақаи иҷтимоӣ ва инчунин ба 120798 нафар тибқи меъёри қонунгузорӣ нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ҷудо карда мешаванд.Дар тӯли шаш моҳи гузашта ба ин теъдод нафақагирон аз буҷаи вилоят ба андозаи 444, 1 миллион сомонӣ маблағ гузаронида шудааст.Андозаи миёнаи нафақа дар вилоят 303, 05 сомониро ташкил медиҳад.Бино ба маълумоти Идораи омор, шумораи аҳолии вилояти Суғд ба санаи 1 июли соли 2023, 2,8 млн нафар шумурда шудааст, ки аз ин теъдод 1,4 млн мард ва 1,4 млн зан будааст.Зимнан дар Тоҷикистон мардон аз синни 63 ва занон аз 58 солагӣ ба нафақа мебароянд.Дар гузашта дар маҳофиле коршиносон дар бораи зарурати поён бурдани синни нафақа дар кишвар пешниҳод намуда буданд.
https://sputnik.tj/20230804/tafsiloti-boloravii-nafaqa-chand-budu-chand-shud-1058631024.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044342034_222:0:2953:2048_1920x0_80_0_0_4b56e5cf9d67ecb5a0fff9f93bbd4e63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, нафақа, шумор, коҳиш, маблағ, ҳукумат
тоҷикистон, суғд, нафақа, шумор, коҳиш, маблағ, ҳукумат
Дар вилояти Суғд шумори нафақагирон коҳиш ёфтааст
09:01 14.08.2023 (Навсозишуда: 18:19 14.08.2023) Ба иттилои ҳукумати вилояти Суғди Тоҷикистон, алҳол ҳаҷми миёнаи маблағи нафақа дар ин вилоят 303 сомонӣ ҳисоб карда мешавад
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Бо вуҷуди афзоиши шумори аҳолӣ, теъдоди нафақагирон дар шимоли Тоҷикистон кам шудааст.
Сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд, Қосимзода Сулаймон Одинашоҳ шарҳ дод, ки омори нафақагирон чи теъдод поён шудааст.
“Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ шумори нафақгирон 233 ҳазору 480 нафар ҳисоб шудаанд, ки ин теъдод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 4689 нафар ва ё ба андозаи 2% коҳиш ёфтааст” – гуфт, Қосимзода дар нишасти матбуотӣ.
Бар пояи иттилоъи манбаъ тамоюли камшавӣ бештар дар шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Хуҷанд мушоҳида шудааст.
Дар идораҳои нафақа масъулин яке аз сабабҳои коҳишёбии омори нафақагиронро ба муҳоҷират ва муқимӣ шудани онҳо дар Русия шарҳ медиҳанд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, алҳол аз шумори умумӣ 100043 нафар нафақаи меҳнатӣ, 12639 нафар нафақаи иҷтимоӣ ва инчунин ба 120798 нафар тибқи меъёри қонунгузорӣ нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ҷудо карда мешаванд.
Дар тӯли шаш моҳи гузашта ба ин теъдод нафақагирон аз буҷаи вилоят ба андозаи 444, 1 миллион сомонӣ маблағ гузаронида шудааст.
Андозаи миёнаи нафақа дар вилоят 303, 05 сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Идораи омор, шумораи аҳолии вилояти Суғд ба санаи 1 июли соли 2023, 2,8 млн нафар шумурда шудааст, ки аз ин теъдод 1,4 млн мард ва 1,4 млн зан будааст.
Зимнан дар Тоҷикистон мардон аз синни 63 ва занон аз 58 солагӣ ба нафақа мебароянд.
Дар гузашта дар маҳофиле коршиносон дар бораи зарурати поён бурдани синни нафақа дар кишвар пешниҳод намуда буданд.