Дар нишасти СПАД дар Минск чиро баррасӣ карданд: натиҷаҳо

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в очередной сессии Совета коллективной безопасности ОДКБ
Президент РФ В. Путин принял участие в очередной сессии Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2023
Обуна шудан
Сарони ҳамаи кишварҳои узви ин Созмон, ба истиснои сарвазири Арманистон Никол Пашинян, барои иштирок дар ин чорабинӣ вориди Минск шуданд
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар Минск нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд.
Бояд қайд кард, ки ба ин чорабинӣ сарони ҳамаи кишварҳои узви иттиҳодия, ба истиснои сарвазири Арманистон Никол Пашинян вориди шаҳри Минск шуданд.
Аммо пеш аз оғози гуфтушунид хайатҳои давлатҳои узви ин Созмон ба шароити номусоиди обу ҳаво рӯ ба рӯ шуданд. Маҳз 23 ноябр дар Минск бар асари шамоли сахт ва бориши барф сатҳи норанҷии хатар эълон шуда буд.
Бо вуҷуди мушкилоти мавҷудаи иқлим, руасои ҷумҳури Белорус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар Қасри Истиқлол ҷамъ омаданд.
Дар аввал маҷлис дар доираи маҳдуд сурат гирифт. Раҳбари Русия дар ин нишаст таъкид кард, ки кишварҳои узви СПАД мавзеъгириҳоро дар бораи масъалаҳои мубрами сиёсӣ ва низомию стратегӣ, мушкилоти доғи рӯзномаи минтақаӣ ва байналмилалӣ ба зудӣ мувофиқа намуда, робитаҳоро бо СҲШ ва ИДМ густариш додаанд.
Президент РФ В. Путин принял участие в очередной сессии Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2023
Истиқболи Лукашенко аз тасмимоти Душанбею Бишкек барои ҳалли баҳси марзӣ
"Муҳим аст, ки имсол равобити СПАД бо шарикони табиии мо, яъне Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ИДМ низ густариш ёфт", - гуфт Путин.
Раҳбари Русия таваҷҷуҳи худро ба он ҷалб кард, ки дар соли 2023 “барои нигоҳ доштани омодагии ҷангӣ, такмили низоми фармондеҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии кадрҳои низомӣ як қатор тадбирҳо андешида шуданд”.
Дар ҳамин ҳол, Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус, зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ вазъи ҷаҳониро тақозо кард, ки муттаҳидсозии бештари талошҳо ва таҳкими СПАД-ро тақозо мекунад.
Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов ба сарони кишварҳои узв итминон дод, ки дар ҳоли ҳозир дар бораи хуруҷи Арманистон аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ сӯҳбате нест, фаъолияти ҷониби Арманистон идома дорад.
Ҳамчунин, ба эътиқоди ӯ, дар ояндаи наздик як мушкили мубрам, яъне мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳал хоҳад шуд.
Совместное заседание Совета министров иностранных дел, Совета министров обороны и Комитета секретарей советов безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2023
Намояндагони кишварҳои СПАД дар ҷаласаи муштарак дар бораи чӣ тавофуқ карданд?
То имрӯз дар ин ҷо пешравиҳои назаррас ба даст оварда шудаанд, таъкид кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки сарони кишварҳои СПАД ахиран дар шаҳри Минск мулоқот карданд. Дар ҷаласаи Шӯрои СПАД раҳбарони 5 аз 6 кишвари узви ин созмон гирди ҳам омаданд: Русия - Владимир Путин, Беларус - Александр Лукашенко, Қазоқистон - Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон - Садир Ҷаборов, Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин ҳамоиш танҳо сарвазири Арманистон Никол Пашинян ҳузур надошт.
Раҳбарони СПАД чанд санад ва эъломияи муштаракро имзо карданд.
Ҷаласаи навбатии шӯро дар семоҳаи чоруми соли 2024 дар Остона баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0