https://sputnik.tj/20231123/namoyandagon-kishvarho-spad-jalasai-chi-tavofuq-1060576015.html
Намояндагони кишварҳои СПАД дар ҷаласаи муштарак дар бораи чӣ тавофуқ карданд?
Намояндагони кишварҳои СПАД дар ҷаласаи муштарак дар бораи чӣ тавофуқ карданд?
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо дар мавриди тарҳҳои асноди таҳкими Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва афзоиши амнияти кишварҳои узви он ба мувофиқа расиданд
2023-11-23T13:26+0500
2023-11-23T13:26+0500
2023-11-23T13:26+0500
спад
нишаст
беларус
тавофуқ
амният ва мудофиа
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/17/1060573949_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_4836e39b7ad260bbbdcf81603fe04f88.jpg
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар Минск ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири дифоъ Шералӣ Мирзо ва дабири Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода ширкат доштанд. Дар натиҷаи музокирот ҷонибҳо тақрибан 20 санадро дар бахшҳои сиёсӣ ва низомӣ, инчунин дар самти мубориза бо чолишҳои муосир ва таҳдидҳои амниятӣ тасдиқ ва имзо карданд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди тарҳҳои асноди таҳкими СПАД ва афзоиши амнияти кишварҳои узви он ба мувофиқа расиданд. Таъкид мешавад, ки асноди дахлдор бояд ниҳоят дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ аз ҷониби сарони давлатҳо тасвиб шаванд. Ёдовар мешавем, ки имрӯз 23 ноябр дар шаҳри Минск таҳти раёсати раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД баргузор мешавад. Аъзои созмон мушкилоти кунунии амнияти байналмиллалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, вазифаҳои дар пешистодаро муайян мекунанд, инчунин як қатор ҳуҷҷатҳоеро қабул мекунанд, ки ба таъмини манфиатҳои амнияти дастаҷамъӣ нигаронида шудаанд.
https://sputnik.tj/20231116/spad-tamrinhoi-osiyoi-markazi-tamarkuz-1060494139.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/17/1060573949_117:0:1254:853_1920x0_80_0_0_62f6c7fc381602c47c75317f2c151217.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
намояндагон спад ҷаласа муштарак тавофуқ
намояндагон спад ҷаласа муштарак тавофуқ
Намояндагони кишварҳои СПАД дар ҷаласаи муштарак дар бораи чӣ тавофуқ карданд?
Ҷонибҳо дар мавриди тарҳҳои асноди таҳкими Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва афзоиши амнияти кишварҳои узви он ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар Минск ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири дифоъ Шералӣ Мирзо ва дабири Шӯрои амният Насрулло Маҳмудзода ширкат доштанд.
Дар натиҷаи музокирот ҷонибҳо тақрибан 20 санадро дар бахшҳои сиёсӣ ва низомӣ, инчунин дар самти мубориза бо чолишҳои муосир ва таҳдидҳои амниятӣ тасдиқ ва имзо карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди тарҳҳои асноди таҳкими СПАД ва афзоиши амнияти кишварҳои узви он ба мувофиқа расиданд.
Таъкид мешавад, ки асноди дахлдор бояд ниҳоят дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ аз ҷониби сарони давлатҳо тасвиб шаванд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз 23 ноябр дар шаҳри Минск таҳти раёсати раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД баргузор мешавад.
Аъзои созмон мушкилоти кунунии амнияти байналмиллалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, вазифаҳои дар пешистодаро муайян мекунанд, инчунин як қатор ҳуҷҷатҳоеро қабул мекунанд, ки ба таъмини манфиатҳои амнияти дастаҷамъӣ нигаронида шудаанд.