https://sputnik.tj/20231116/spad-tamrinhoi-osiyoi-markazi-tamarkuz-1060494139.html
СПАД дар соли 2024 тамринҳои худро ба Осиёи Марказӣ тамаркуз хоҳад кард
СПАД дар соли 2024 тамринҳои худро ба Осиёи Марказӣ тамаркуз хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъи дар соли 2024 дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон тамринҳои низомӣ баргузор мекунад
2023-11-16T19:10+0500
2023-11-16T19:10+0500
2023-11-17T11:18+0500
русия
дар русия
саад
спад
тамрин
машқҳои низомӣ
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1d/1059113663_0:38:3072:1766_1920x0_80_0_0_d34a4e5eb9b3ab0dc7fbf44831fc9c2e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар кишварҳои мухталифи Осиёи Марказӣ дар соли 2024 баргузории машқҳои СПАД ба нақша гирифта шудааст ва ба ин минтақа тамаркуз дода мешавад, гуфт сардори ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров."Дар нақша соли 2024 ба минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста ба амнияти дастаҷамъӣ диққати махсус дода мешавад, аз ҷумла дар Қирғизистон мо бо нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СПАД, дар Қазоқистон бо нерӯҳои посдори сулҳ ва нерӯҳои зудамалӣ минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон машқҳо баргузор мегарданд", - гуфт Сидоров дар нишасти матбуотӣ.Вай афзуд, ки дар бораи вақт ва тамрингоҳҳои машқҳо сӯҳбат кардан барвақт аст ва машваратҳо дар бораи ин масъала моҳи декабри соли 2023 оғоз мешаванд.Ҳамчунин раиси ситоди муштараки СПАД, таъкид кард, ки Афғонистон барои кишварҳои узви СПАД таҳдиди ҷиддии низомӣ надорад, аммо давлатҳо чораҳои муайян меандешанд."Имрӯз ягон мушкили пайдоиши хатари ҳарбӣ аз қаламрави Афғонистон вуҷуд надорад. Дар баробари ин мо дарк мекунем, ки роҳбарияти кунунии Афғонистон вазъ дар қаламрави давлат, аз ҷумла дар минтақаҳои шимолиро, ки бо кишварҳои узви СПАД ҳаммарз аст, ҳанӯз пурра назорат намекунад. Аз ин рӯ, чораҳои муайян андешида мешаванд”, гуфт Сидоров зимни нишасти матбуотӣ.Ёдовар мешавем, ки Арманистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон кишварҳои узви СПАД мебошанд.
https://sputnik.tj/20231114/pashinyan-nishast-saron-spad-minsk-nameravad-1060465273.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/1d/1059113663_101:0:2832:2048_1920x0_80_0_0_ac0cea59b423a0fab33a6e1f7984f00d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикитон, спад, тамрин, машқ, осиёи марказӣ, тамаркуз, саад
тоҷикитон, спад, тамрин, машқ, осиёи марказӣ, тамаркуз, саад
СПАД дар соли 2024 тамринҳои худро ба Осиёи Марказӣ тамаркуз хоҳад кард
19:10 16.11.2023 (Навсозишуда: 11:18 17.11.2023) Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъи дар соли 2024 дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон тамринҳои низомӣ баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар кишварҳои мухталифи Осиёи Марказӣ дар соли 2024 баргузории машқҳои СПАД ба нақша гирифта шудааст ва ба ин минтақа тамаркуз дода мешавад, гуфт сардори ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров.
"Дар нақша соли 2024 ба минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста ба амнияти дастаҷамъӣ диққати махсус дода мешавад, аз ҷумла дар Қирғизистон мо бо нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СПАД, дар Қазоқистон бо нерӯҳои посдори сулҳ ва нерӯҳои зудамалӣ минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон машқҳо баргузор мегарданд", - гуфт Сидоров дар нишасти матбуотӣ.
Вай афзуд, ки дар бораи вақт ва тамрингоҳҳои машқҳо сӯҳбат кардан барвақт аст ва машваратҳо дар бораи ин масъала моҳи декабри соли 2023 оғоз мешаванд.
Ҳамчунин раиси ситоди муштараки СПАД, таъкид кард, ки Афғонистон барои кишварҳои узви СПАД таҳдиди ҷиддии низомӣ надорад, аммо давлатҳо чораҳои муайян меандешанд.
"Имрӯз ягон мушкили пайдоиши хатари ҳарбӣ аз қаламрави Афғонистон вуҷуд надорад. Дар баробари ин мо дарк мекунем, ки роҳбарияти кунунии Афғонистон вазъ дар қаламрави давлат, аз ҷумла дар минтақаҳои шимолиро, ки бо кишварҳои узви СПАД ҳаммарз аст, ҳанӯз пурра назорат намекунад. Аз ин рӯ, чораҳои муайян андешида мешаванд”, гуфт Сидоров зимни нишасти матбуотӣ.
Ёдовар мешавем, ки Арманистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон кишварҳои узви СПАД мебошанд.