https://sputnik.tj/20231120/iiao-chin-sodasozi-rasmiyot-gumruk-kor-1060527893.html
ИИАО ва Чин сари соддасозии расмиёти гумрукӣ кор мекунанд
ИИАО ва Чин сари соддасозии расмиёти гумрукӣ кор мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Рушди муколама бо шарикони чинӣ як самти кунунии кор дар доираи татбиқи Самтҳои асосии фаъолияти байналмилалии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё врзёбӣ мешавад
2023-11-20T18:23+0500
2023-11-20T18:23+0500
2023-11-20T19:07+0500
ииао
иқтисод
чин
ҳамкорӣ
гумрук
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:23:1401:811_1920x0_80_0_0_50285874321bcb863db0b12c8f12a8e6.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва Чин талош дорад, расмиёти гумрукиро соддаю рақамӣ созанд. Таҳкими ҳамкориҳо дар ҷаласаи муштараки намояндагони умури гумруки ИИАО ва Чин баррасӣ шуд, хабар медиҳад Комиссияи иқтисодии АвруОсиё. Рушди гумруки рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои ояндадор, механизми "равзанаи ягона", такмили институти "ваколатдори иқтисодӣ", транзити электронии гумрукӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд. Татбиқи лоиҳаи "Агроэкспресси Авруосиё" низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштаст.Зимнан зикр гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили ҳамкориҳои Иттиҳод ва хадамоти гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз 17 майи соли 2018 мебошад. "Рушди муколама бо шарикони чинӣ як самти кунунии кор дар доираи татбиқи Самтҳои асосии фаъолияти байналмилалии Иттиҳод ба ҳисоб меравад", - қайд кард Сергей Владимиров, директори департаменти қонунгузории гумрукӣ ва амалияи ҳифзи ҳуқуқи назди Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.Ба андешаи ӯ, табодули таҷриба бо ҶМЧ оид ба масъалаҳои гуногуни маъмурияти гумрукӣ, аз ҷумла истифодаи технологияҳои ояндадори гумрукӣ ҷанбаи муҳими ҳамкориҳои муваффақи гумрукӣ мебошад. Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки зеркумита платформаи баррасии минбаъдаи масъалаҳои кунунии ҳамкориҳо дар соҳаи гумруки байни ИИАО ва ҶМЧ мегардад.
https://sputnik.tj/20231118/tahlilgar-burd-tojikiston-uzviyat-iiao-1060515237.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:0:1213:909_1920x0_80_0_0_4467f03c6a72071b22734f6b47a62c08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао чин сода расмиёт гумрукӣ кор
ииао чин сода расмиёт гумрукӣ кор
ИИАО ва Чин сари соддасозии расмиёти гумрукӣ кор мекунанд
18:23 20.11.2023 (Навсозишуда: 19:07 20.11.2023) Рушди муколама бо шарикони чинӣ як самти кунунии кор дар доираи татбиқи Самтҳои асосии фаъолияти байналмилалии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ва Чин талош дорад, расмиёти гумрукиро соддаю рақамӣ созанд.
Таҳкими ҳамкориҳо дар ҷаласаи муштараки намояндагони умури гумруки ИИАО ва Чин баррасӣ шуд, хабар медиҳад Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Рушди гумруки рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои ояндадор, механизми "равзанаи ягона", такмили институти "ваколатдори иқтисодӣ", транзити электронии гумрукӣ аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот будаанд.
Татбиқи лоиҳаи "Агроэкспресси Авруосиё" низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштаст.
Зимнан зикр гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили ҳамкориҳои Иттиҳод ва хадамоти гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ аз 17 майи соли 2018 мебошад.
"Рушди муколама бо шарикони чинӣ як самти кунунии кор дар доираи татбиқи Самтҳои асосии фаъолияти байналмилалии Иттиҳод ба ҳисоб меравад", - қайд кард Сергей Владимиров, директори департаменти қонунгузории гумрукӣ ва амалияи ҳифзи ҳуқуқи назди Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ба андешаи ӯ, табодули таҷриба бо ҶМЧ оид ба масъалаҳои гуногуни маъмурияти гумрукӣ, аз ҷумла истифодаи технологияҳои ояндадори гумрукӣ ҷанбаи муҳими ҳамкориҳои муваффақи гумрукӣ мебошад.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки зеркумита платформаи баррасии минбаъдаи масъалаҳои кунунии ҳамкориҳо дар соҳаи гумруки байни ИИАО ва ҶМЧ мегардад.