https://sputnik.tj/20231122/daromadi-bujai-armaniston-qirghiziston-iiao-1060570143.html
Даромади буҷаи Арманистон ва Қирғизистон миёни кишварҳои ИИАО бештар будааст
Даромади буҷаи Арманистон ва Қирғизистон миёни кишварҳои ИИАО бештар будааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар қаламрави кишварҳои ИИАО буҷаи Арманистону Қирғизистон бештар даромад гирифтааст аммо дар Қазоқистон ва Русия касри буҷа мушоҳида мешавад
2023-11-22T18:15+0500
2023-11-22T18:15+0500
2023-11-22T19:37+0500
русия
дар русия
ииао
иқтисод
туркаманистон
қирғизистон
қазоқистон
буҷа
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058819590_0:221:3065:1945_1920x0_80_0_0_4e79dac2ff91b9d902dd3db8fc9cf1c5.jpg
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Даромади буҷаи ҷумҳуриявӣ дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) аз рӯи натиҷаҳои 9 моҳи соли равон дар Арманистон ва Қирғизистон бештар будааст.Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.Ба иттилои ҳамин ниҳод, даромади буҷа дар Арманистон ва Киргизистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 1,4 баробар ва 7,8 баробар зиёд шудааст.Аммо дар Казокистон касри буҷа 2,8 баробар афзудааст. Дар Русия бошад, даромади буҷа ба каср табдил ёфтааст.То 1 октябри соли 2023 қарзи давлатӣ бо пули миллӣ дар Арманистон 10,5%, дар Қазоқистон 22,2%, Қирғизистон 26,9% ва дар Русия 30,8% афзоиш ёфтааст.Дар сохтори қарзи давлатии Арманистон ва Қирғизистон бештар қарзи хориҷӣ ва дар Қазоқистон ва Русия қарзи дохилӣ бартарӣ дорад.Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – созмони байналхалқии ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ, ки дорои шахсияти ҳуқуқи байналмиллалӣ мебошад, аз ҷониби Созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муқарар шудааст.Дар доираи ин иттиҳод озодии интиқоли мол, инчунин, хизматрасонӣ, сармоя, меҳнат, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад. Ин иттиҳод аз рӯи масоҳат (20 287 382 км кв) дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад ва аз рӯи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) (дар соли 2017 – 4695,915 млрд.доллар) ҷойи панҷумро ишғол менамояд.Аъзои ин иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.
https://sputnik.tj/20231120/iiao-chin-sodasozi-rasmiyot-gumruk-kor-1060527893.html
русия
қирғизистон
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0e/1058819590_77:0:2808:2048_1920x0_80_0_0_dc9a715c14ffb8983357ce2ad31165c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, буҷа, даромад, қирғизистон, арманистон, каср, русия, қазоқистон, иқтисод
ииао, буҷа, даромад, қирғизистон, арманистон, каср, русия, қазоқистон, иқтисод
Даромади буҷаи Арманистон ва Қирғизистон миёни кишварҳои ИИАО бештар будааст
18:15 22.11.2023 (Навсозишуда: 19:37 22.11.2023) Дар қаламрави кишварҳои ИИАО буҷаи Арманистону Қирғизистон бештар даромад гирифтааст, аммо дар Қазоқистон ва Русия касри буҷа мушоҳида мешавад
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Даромади буҷаи ҷумҳуриявӣ дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) аз рӯи натиҷаҳои 9 моҳи соли равон дар Арманистон ва Қирғизистон бештар будааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои ҳамин ниҳод, даромади буҷа дар Арманистон ва Киргизистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 1,4 баробар ва 7,8 баробар зиёд шудааст.
Аммо дар Казокистон касри буҷа 2,8 баробар афзудааст. Дар Русия бошад, даромади буҷа ба каср табдил ёфтааст.
То 1 октябри соли 2023 қарзи давлатӣ бо пули миллӣ дар Арманистон 10,5%, дар Қазоқистон 22,2%, Қирғизистон 26,9% ва дар Русия 30,8% афзоиш ёфтааст.
Дар сохтори қарзи давлатии Арманистон ва Қирғизистон бештар қарзи хориҷӣ ва дар Қазоқистон ва Русия қарзи дохилӣ бартарӣ дорад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – созмони байналхалқии ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ, ки дорои шахсияти ҳуқуқи байналмиллалӣ мебошад, аз ҷониби Созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муқарар шудааст.
Дар доираи ин иттиҳод озодии интиқоли мол, инчунин, хизматрасонӣ, сармоя, меҳнат, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад. Ин иттиҳод аз рӯи масоҳат (20 287 382 км кв) дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад ва аз рӯи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) (дар соли 2017 – 4695,915 млрд.доллар) ҷойи панҷумро ишғол менамояд.
Аъзои ин иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.