Тоҷикистон барои транзити колоҳояш омодаи сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳор аст

© Сафорати Эрон дар ДушанбеМулоқоти сафири Эрон дар Душанбе бо вазири нақлиёти Тоҷикистон
Мулоқоти сафири Эрон дар Душанбе бо вазири нақлиёти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2023
Обуна шудан
Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо сафири Эрон дар Душанбе ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши ҳамлу нақл, транзит ва судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар гуфтугӯ бо сафири Эрон омодагии Душанбе барои сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳор ба манзури эҷоди таъсисоти лозим барои тронзити коло аз қаламрави Эронро эълом намуд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ишора ба тавонмандии ширкатҳои эронӣ дар ҳавзаи хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва ҳамчунин ҳамкории ду кишвар дар эҳдоси саду нерӯгоҳ ва сохт тунел, бар лузуми афзоиши ин ҳамкориҳо таъкид намуд.
Инчунин Азим Иброҳим қайд кард, ки иҷрои ёддошти тафоҳуми ҳамкории ҳамлу нақлу тронзити байни Эрону Тоҷикистон барои дастрасии ин кишвар ба обҳои озод ва бозорҳои байналмилалӣ барои содироти маҳсулот ва таъмини ниёзҳои воридотиро муҳим аст.
Флаги Ирана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2023
Эрон ба Тоҷикистон дар заминаи нано, биотехнология, тиб ва дорусозӣ пешниҳоди ҳамкорӣ кард
Дар ҳамин ҳол сафири Эрон дар Тоҷикистон оқои Ҳақиқиён бо ишора ба раванди ҷории ҳамкориҳо дар заминаи мухталиф, лағви раводид барои тасҳили тараддуди атбои ду кишварро муҳим донист ва аз барномаи густардаи сифорати Эрон ба манзури густариши ҳамкориҳои байни ду кишвар хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Эрон Саидиброиҳи Раисӣ ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод ва дар ин сафар беш аз 15 санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0