https://sputnik.tj/20231111/eron-tojikiston-nano-biotekhnologiya-tib-dorusozi-hamkori-1060428768.html
Эрон ба Тоҷикистон дар заминаи нано, биотехнология, тиб ва дорусозӣ пешниҳоди ҳамкорӣ кард
Эрон ба Тоҷикистон дар заминаи нано, биотехнология, тиб ва дорусозӣ пешниҳоди ҳамкорӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Эрон дар бораи таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар заминаи саноат, маъдан, фанновариҳои нав, транзит ва нафт таъкид намуданд
2023-11-11T11:21+0500
2023-11-11T11:21+0500
2023-11-13T12:09+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
саноат
тандурустӣ
технология
шералӣ кабир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060398959_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_86634c805f76b9135783c3b2a1f30179.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар дидори Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо муовини дипломатии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон Меҳдии Сафарӣ, алоқамандии ду тараф нисбат ба таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар заминаи саноат, маъдан, фанновариҳои нав, транзит ва нафт таъкид шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ИСНА.Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор оқои Сафарӣ дар бораи тавонмандиҳои Эрон дар заминаи нано, биотехнология, котолист, тавлидоти петрошимӣ, тавлиди доруҳои ҷадид барои муолиҷаи беморони саратонӣ, таҷҳизоти пизишкии пешрафта ҷиҳати амали ҷарроҳии мағз, доруҳои шимиёӣ ва мукаммилҳои рушди тавлидоти кишоварзӣ таъкид кард.Вай гуфт ширкатҳои эронии донишбунён барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ омода ҳастанд.Ҳамчунин имкони ҳамкории ширкатҳои тавонманди Эрон дар бахши иктишоф, истихроҷ ва фароварии маодину сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву тиҷорӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.Вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо эътироф аз ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар заминаи донишбунён истиқбол ва бар алоқамандии Душанбе ҷиҳати густариши таомулот бо ширкатҳои дорӯсозии Эрон ба манзури таъмини ниёзҳои дохилӣ таъкид кард.Дар ин дидор ҳамчунин мавзӯи ҳамкориҳои транзитӣ, тавлиди трактору адавоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
https://sputnik.tj/20231108/safar-prezident-eron-tojikiston-tasvir-1060384788.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060398959_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_04b1751c93f296641d3a0530e37612f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, дорусозӣ, тиб, нано, саноат, вазири саноат, шералӣ кабир
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, дорусозӣ, тиб, нано, саноат, вазири саноат, шералӣ кабир
Эрон ба Тоҷикистон дар заминаи нано, биотехнология, тиб ва дорусозӣ пешниҳоди ҳамкорӣ кард
11:21 11.11.2023 (Навсозишуда: 12:09 13.11.2023) Мақомоти Тоҷикистону Эрон дар бораи таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар заминаи саноат, маъдан, фанновариҳои нав, транзит ва нафт таъкид намуданд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар дидори Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо муовини дипломатии иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон Меҳдии Сафарӣ, алоқамандии ду тараф нисбат ба таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар заминаи саноат, маъдан, фанновариҳои нав, транзит ва нафт таъкид шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ИСНА.
Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор оқои Сафарӣ дар бораи тавонмандиҳои Эрон дар заминаи нано, биотехнология, котолист, тавлидоти петрошимӣ, тавлиди доруҳои ҷадид барои муолиҷаи беморони саратонӣ, таҷҳизоти пизишкии пешрафта ҷиҳати амали ҷарроҳии мағз, доруҳои шимиёӣ ва мукаммилҳои рушди тавлидоти кишоварзӣ таъкид кард.
Вай гуфт ширкатҳои эронии донишбунён барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ омода ҳастанд.
Ҳамчунин имкони ҳамкории ширкатҳои тавонманди Эрон дар бахши иктишоф, истихроҷ ва фароварии маодину сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву тиҷорӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо эътироф аз ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар заминаи донишбунён истиқбол ва бар алоқамандии Душанбе ҷиҳати густариши таомулот бо ширкатҳои дорӯсозии Эрон ба манзури таъмини ниёзҳои дохилӣ таъкид кард.
Дар ин дидор ҳамчунин мавзӯи ҳамкориҳои транзитӣ, тавлиди трактору адавоти кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.