https://sputnik.tj/20231121/putin-afzoishi-kvota-tahsil-donishjuyon-tojikiston-1060547625.html
Путин аз афзоиши квотаҳо барои таҳсили донишҷӯён аз Тоҷикистон хабар дод
Путин аз афзоиши квотаҳо барои таҳсили донишҷӯён аз Тоҷикистон хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди донишҷӯёни тоҷик, ки метавонанд дар макотиби олии Русия ройгон таҳсил кунанд, ба ҳазор нафар мерасад, ки бештар аз ҳама дар ИДМ аст
2023-11-21T17:03+0500
2023-11-21T17:03+0500
2023-11-21T17:03+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
дар русия
владимир путин
сиёсат
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058092129_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_bac50dc2e061523451e18eb0f5bbf057.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Русия квотаи таҳсили донишҷӯёни тоҷикро афзоиш медиҳад. Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт. Шумораи донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил хоҳанд кард, ба ҳазор нафар мерасад. Барои тоҷикон дар соли хониши ояндаи 2024-2025 маҳз ҳамин қадар ҷои ройгон дода хоҳад шуд. Сарвари Русия ҳамчунин ба Раҳмон барои таваҷҷуҳе, ки ба рушди забони русӣ ва равобит бо Федератсияи Русия дар маҷмӯъ дар арсаи башардӯстона зоҳир мекунад, изҳори сипос кард. Қобили зикр аст, ки Русия ҳамасола шумораи ҷойҳои квотаро барои ҷавонони Тоҷикистон, ки мехоҳанд таҳсили русӣ гиранд, зиёд мекунад.Ахиран раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эиомалӣ низ гуфта буд, ки ҳоло дар Русия беш аз 30 ҳазор донишҷӯйи тоҷик таҳсил доранд.Вай ҳамзамон таъкид кард, ки давоми се соли ахир дар Тоҷикистон теъдоди онҳое, ки маълумоти олӣ бо забони русӣ гирифтанд ба беш аз 39 ҳазор нафар мерасад.
https://sputnik.tj/20231117/rustami-emomali-zabon-rusi-omodagi-hamkori-rusiya-1060502190.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058092129_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_665fa9b9798220067b8a46da586c6e92.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин афзоиш квота таҳсил донишҷӯён тоҷикистон
путин афзоиш квота таҳсил донишҷӯён тоҷикистон
Путин аз афзоиши квотаҳо барои таҳсили донишҷӯён аз Тоҷикистон хабар дод
Теъдоди донишҷӯёни тоҷик, ки метавонанд дар макотиби олии Русия ройгон таҳсил кунанд, ба ҳазор нафар мерасад, ки бештар аз ҳама дар ИДМ аст
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Русия квотаи таҳсили донишҷӯёни тоҷикро афзоиш медиҳад.
Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт.
Шумораи донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил хоҳанд кард, ба ҳазор нафар мерасад.
Барои тоҷикон дар соли хониши ояндаи 2024-2025 маҳз ҳамин қадар ҷои ройгон дода хоҳад шуд.
"Дар миёни кишварҳои ИДМ бузургтарин квота дар Тоҷикистон аст - 900 нафар. Мо ин квотаро дар солҳои 2024 ва 2025 ба ҳазор нафар мерасонем", - гуфт Путин.
Сарвари Русия ҳамчунин ба Раҳмон барои таваҷҷуҳе, ки ба рушди забони русӣ ва равобит бо Федератсияи Русия дар маҷмӯъ дар арсаи башардӯстона зоҳир мекунад, изҳори сипос кард.
Қобили зикр аст, ки Русия ҳамасола шумораи ҷойҳои квотаро барои ҷавонони Тоҷикистон, ки мехоҳанд таҳсили русӣ гиранд, зиёд мекунад.
Ахиран раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эиомалӣ низ гуфта буд, ки ҳоло дар Русия беш аз 30 ҳазор донишҷӯйи тоҷик таҳсил доранд.
Вай ҳамзамон таъкид кард, ки давоми се соли ахир дар Тоҷикистон теъдоди онҳое, ки маълумоти олӣ бо забони русӣ гирифтанд ба беш аз 39 ҳазор нафар мерасад.