Мунтахаби Тоҷикистон яккачини Покистонро дар майдонашон торумор кард

© Фото : Пресс-служба ФК "Истиклол"Футболисты ФК "Истиклол" на сборах в Турции
Футболисты ФК Истиклол на сборах в Турции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2023
Обуна шудан
Миллипӯшони тоҷик сеюмин бозии худро низ дар таърихи дидорҳои мустақим бо яккачини Покистон дар доираи рақобатҳои КФО бо пирӯзии дилпурона паси сар карданд
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон яккачини Покистонро бо ҳисоби бузург шикаст дод.
Ин рақобат дар варзишгоҳи "Ҷинна"-и шаҳри Исломобод баргузор шуда бо ҳисоби 6:1 анҷом ёфт.
Голҳои тими Тоҷикистонро дар меҳмонӣ Амадонӣ Камолов (дубл), Рустам Соиров, Парвизҷон Умарбоев, Эҳсони Панҷшанбе ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расониданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин бозии дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" буд.
Ин сеюмин дидори мустақими мунтахаби кишварҳо дар доираи рақобатҳои КФО аст, ки бо пирӯзии Тоҷикистон поён ёфт.
Дар ду бозии қаблӣ солҳои 2006 ва 2014 Тоҷикистон бар Покистон бо натиҷаи 2:0 ва 1:0 пирӯз шуда буд.
Бозии навбатии тими Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар меҳмонӣ бо тими Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад. Ин дидор 21 марти соли оянда дар назар аст.
Мэр Душанбе и председатель Национального совета (Маджлиси Милли) Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Баҳси рушди футбол дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъулин: Ӯ камбудӣ ва роҳи ҳалро гуфт
Тоҷикистон дар бозии гузаштааш, ки бо Урдун дар Душанбе доир кард, бо ҳисоби мусовӣ (1:1) поин ёфт, ки он ба бурди меҳмонон гардид.
Ин вазъ роҳи баромадан аз гуруҳро барои Тоҷикистон мушкилтар гардонд.
Ҳамакнун бозигарони кишварро зарур меояд барои ба даст овардани холҳои бештар миллипӯшони Саудиро низ шикаст диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0