https://sputnik.tj/20231120/lukashenko-tamoul-musbat-halli-nizoho-havza-pasoshuravi-1060526321.html
Лукашенко аз тамоюли мусбат ба ҳалли низоъҳо дар ҳавзаи пасошӯравӣ гуфт
Лукашенко аз тамоюли мусбат ба ҳалли низоъҳо дар ҳавзаи пасошӯравӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар фазои пасошӯравӣ тамоюле ба миён омад, ки Тоҷикистону Қирғизистон ва Бокуву Ереван барои ҳалли изоъҳои марзӣ гомҳои мусбат бардоштанд, мегӯяд Лукашенко
2023-11-20T14:44+0500
2023-11-20T14:44+0500
2023-11-20T19:02+0500
александр лукашенко
спад
дар тоҷикистон
арманистон
сиёсат
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1c/1055208974_0:0:3069:1726_1920x0_80_0_0_385bef231e4cef0d8071fc85fdb72701.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко интизор дорад, ки нишасти сарони СПАД, ки 23 ноябр дар Минск баргузор мешавад, ба афзоиши талошҳо дар дифоъ ва амнияти кишварҳои узви ин созмон мусоидат хоҳад кард. Ӯ ин нуктаро зимни мулоқот бо дабири кулли СПАД Имангалӣ Тасмагамбетов изҳор дошт. "Ману шумо дар давраи масъулиятнок қарор дорем. Ба мо лозим аст, ки ҷаласаи ташкилоти ҳарбӣ-сиёсиамонро сазовор гузаронем. Мехоҳам, пеш аз ҳама, дар арафаи ҷашн, агар ягон нозукиҳои муайяне вуҷуд дошта бошад, аз шумо шунавам", - гуфтааст, раҳбари Беларус.Вай дар идома таъкид кардааст, ки чорабинӣ рӯйдоди муҳим буда, кишвараш барои мизбонии он хеле ҷиддӣ омодагӣ мегирад.Дар ин дидор раиси ҷумҳури Беларус мавҷуд будани як давраи душворро дар фазои пасошӯравӣ, ки бо вазъи низоӣ дар ИДМ, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти СПАД тавсиф мешавад, қайд кард. "Аммо мо ба ин омода ҳастем ва ман умедворам, ки ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби созмони низомию сиёсӣ дар Минск ба таҳкими талошҳои мо барои дифоъ ва амнияти аъзои СПАД мусоидат хоҳад кард", - гуфт Лукашенко.Номбурда ҳамчунин ба он баҳои мусбат дод, ки дар ҷануби Осиёи Марказӣ имкон пайдо шуд, ки як навъ низоъе, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон вуҷуд дошт, ҳал шавад ва бархӯрди Арманистону Озарбойҷон низ ба поён расад. Вай қайд кард, ки мушкилот на ду, на се ё панҷ сол, балки солҳост ҷамъ мешуданд, аммо хушбахтона дар ин давра як ҳаракати мусбате шуд, ки ин на аз он аст, ки мо раисии созмонро ба зима дорем, балки чунин қадамҳо дар ҳамин давра гузошта шуд."Чунин қадамҳо дар ҳамин давра гузошта шуд ва тамоюли ором кардани вазъ дар фазои пасошӯравӣ ба вуҷуд омад. Бори дигар таъкид мекунам, ки дар бахши масъулияти СПАД. Зеро ҳам Арманистон ва ҳам Қирғизистон узви СПАД ҳастанд”, - гуфт Лукашенко.
https://sputnik.tj/20231116/spad-tamrinhoi-osiyoi-markazi-tamarkuz-1060494139.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1c/1055208974_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_1576f8d11518a95a7ebdb92a20bd1ef4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лукашенко тамоюл мусбат ҳалл низоъ шӯравӣ
лукашенко тамоюл мусбат ҳалл низоъ шӯравӣ
Лукашенко аз тамоюли мусбат ба ҳалли низоъҳо дар ҳавзаи пасошӯравӣ гуфт
14:44 20.11.2023 (Навсозишуда: 19:02 20.11.2023) Дар фазои пасошӯравӣ тамоюле ба миён омад, ки Тоҷикистону Қирғизистон ва Бокуву Ереван барои ҳалли низоъҳои марзӣ гомҳои мусбат бардоштанд, мегӯяд Лукашенко
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко интизор дорад, ки нишасти сарони СПАД, ки 23 ноябр дар Минск баргузор мешавад, ба афзоиши талошҳо дар дифоъ ва амнияти кишварҳои узви ин созмон мусоидат хоҳад кард.
Ӯ ин нуктаро зимни мулоқот бо дабири кулли СПАД Имангалӣ Тасмагамбетов изҳор дошт.
"Ману шумо дар давраи масъулиятнок қарор дорем. Ба мо лозим аст, ки ҷаласаи ташкилоти ҳарбӣ-сиёсиамонро сазовор гузаронем. Мехоҳам, пеш аз ҳама, дар арафаи ҷашн, агар ягон нозукиҳои муайяне вуҷуд дошта бошад, аз шумо шунавам", - гуфтааст, раҳбари Беларус.
Вай дар идома таъкид кардааст, ки чорабинӣ рӯйдоди муҳим буда, кишвараш барои мизбонии он хеле ҷиддӣ омодагӣ мегирад.
Дар ин дидор раиси ҷумҳури Беларус мавҷуд будани як давраи душворро дар фазои пасошӯравӣ, ки бо вазъи низоӣ дар ИДМ, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти СПАД тавсиф мешавад, қайд кард.
"Аммо мо ба ин омода ҳастем ва ман умедворам, ки ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби созмони низомию сиёсӣ дар Минск ба таҳкими талошҳои мо барои дифоъ ва амнияти аъзои СПАД мусоидат хоҳад кард", - гуфт Лукашенко.
Номбурда ҳамчунин ба он баҳои мусбат дод, ки дар ҷануби Осиёи Марказӣ имкон пайдо шуд, ки як навъ низоъе, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон вуҷуд дошт, ҳал шавад ва бархӯрди Арманистону Озарбойҷон низ ба поён расад.
"Мо бояд дар бораи оянда фикр кунем - зиндагии ду давлатро дар он ҷо чӣ гуна ба роҳ монем",- гуфт президенти Беларус.
Вай қайд кард, ки мушкилот на ду, на се ё панҷ сол, балки солҳост ҷамъ мешуданд, аммо хушбахтона дар ин давра як ҳаракати мусбате шуд, ки ин на аз он аст, ки мо раисии созмонро ба зима дорем, балки чунин қадамҳо дар ҳамин давра гузошта шуд.
"Чунин қадамҳо дар ҳамин давра гузошта шуд ва тамоюли ором кардани вазъ дар фазои пасошӯравӣ ба вуҷуд омад. Бори дигар таъкид мекунам, ки дар бахши масъулияти СПАД. Зеро ҳам Арманистон ва ҳам Қирғизистон узви СПАД ҳастанд”, - гуфт Лукашенко.