https://sputnik.tj/20230830/sabuki-baroi-rushdi-qolinbofi-dar-iiao-1059132753.html
Сабукӣ барои рушди қолинбофӣ дар ИИАО
Сабукӣ барои рушди қолинбофӣ дар ИИАО
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қарор кардааст, ки аз тариқи додани имтиёзоти молиётӣ рушди қолинбофиро дар қаламрави кишварҳои созмон такон бахшад 30.08.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-08-30T16:57+0500
2023-08-30T16:57+0500
2023-08-30T19:15+0500
иттиҳод
иқтисод
авруосиё
рушд
сабукӣ
қолин
қолинбофӣ
гумрук
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0b/1056363231_0:30:3077:1761_1920x0_80_0_0_793d724b76dc965f560ff081ecaff6d3.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Боҷи гумрукии воридотии бархе аз анвои мол ба қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё лағв шудааст. Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, аз ҷумла, молу маҳсулоте бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ворид мешаванд, ки дар қолинбофӣ истифода мегарданд. Дар феҳраст аз матоъҳое ном бурда шудааст, ки аз риштаи нафис ва полиэтиленӣ ё полипропилен таҳия шудаанд. Муҳлати амали муқаррароти ҷадид, ки 10 рӯз пас аз нашри расмӣ мавриди амал қарор мегирад, 2 сол муайян шудааст. Маврид ба зикр аст, ки то ҳол воридоткунандагони матоъ ва дигар колои зарурӣ ба қолинбофӣ боҷи гумрукиро дар ҳаҷми 8% пардохт мекарданд. Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таъкид мекунад, ки қарори мазкур барои дастгирии тавлидкунандаҳои қолин дар кишварҳои узви созмон равона гардидааст. Интизор меравад, ки арзиши аслии қолинҳои тавлиди дохилӣ поин рафта, даромаднокию рақобатнокии қолинҳо болотар меравад. Дар назар аст, ки дар пайи ироаи сабукӣ қолинбофӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё рушд кунад, ки на танҳо талаботи дохилиро қонеъ мегардонад, балки ба содирот низ равона хоҳад шуд. Комиссия муътақид аст, ки ин тасмим барои коҳиши фишори таҳримҳо ба иқтистоди кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё мусоидат мекунад.
https://sputnik.tj/20230625/sodirot-qolinho-tojikiston-rusiya-uzbekiston-1057895421.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/0b/1056363231_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_8005bb24bc9e8d5cd0d92465361374d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иттиҳод, иқтисод, авруосиё, рушд, сабукӣ, қолин, қолинбофӣ, гумрук
иттиҳод, иқтисод, авруосиё, рушд, сабукӣ, қолин, қолинбофӣ, гумрук
Сабукӣ барои рушди қолинбофӣ дар ИИАО
16:57 30.08.2023 (Навсозишуда: 19:15 30.08.2023) Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қарор кардааст, ки аз тариқи додани имтиёзоти молиётӣ рушди қолинбофиро дар қаламрави кишварҳои созмон такон бахшад
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Боҷи гумрукии воридотии бархе аз анвои мол ба қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё лағв шудааст.
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, аз ҷумла, молу маҳсулоте бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ворид мешаванд, ки дар қолинбофӣ истифода мегарданд. Дар феҳраст аз матоъҳое ном бурда шудааст, ки аз риштаи нафис ва полиэтиленӣ ё полипропилен таҳия шудаанд.
Муҳлати амали муқаррароти ҷадид, ки 10 рӯз пас аз нашри расмӣ мавриди амал қарор мегирад, 2 сол муайян шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки то ҳол воридоткунандагони матоъ ва дигар колои зарурӣ ба қолинбофӣ боҷи гумрукиро дар ҳаҷми 8% пардохт мекарданд.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таъкид мекунад, ки қарори мазкур барои дастгирии тавлидкунандаҳои қолин дар кишварҳои узви созмон равона гардидааст.
Интизор меравад, ки арзиши аслии қолинҳои тавлиди дохилӣ поин рафта, даромаднокию рақобатнокии қолинҳо болотар меравад.
Дар назар аст, ки дар пайи ироаи сабукӣ қолинбофӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё рушд кунад, ки на танҳо талаботи дохилиро қонеъ мегардонад, балки ба содирот низ равона хоҳад шуд.
Комиссия муътақид аст, ки ин тасмим барои коҳиши фишори таҳримҳо ба иқтистоди кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё мусоидат мекунад.