https://sputnik.tj/20231118/tahlilgar-burd-tojikiston-uzviyat-iiao-1060515237.html
Таҳлилгар бурди Тоҷикистон аз узвият дар ИИАО-ро гуфт - видео
Таҳлилгар бурди Тоҷикистон аз узвият дар ИИАО-ро гуфт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро дорад, ки узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гардад ва ҳамкориҳоро бо кишварҳои узв дар доираи Иттиҳод инкишоф диҳад
2023-11-18T19:01+0500
2023-11-18T19:01+0500
2023-11-20T11:39+0500
видео
иттиҳоди иқтисодии уросиё
авруосиё
узвият
иқтисод
коршинос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/11/1060502885_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_9295aca57cdec08c0341be9136aa810f.jpg
Пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои Тоҷикистон чӣ бартариҳо дошта метавонад?Ба ин суол коршиноси Пажӯҳишгоҳи мушкилоти байналмилалии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия, Евгений Коренев, барои Sputnik Тоҷикистон посух дод.Ба гуфтаи мутахассис, ҷумҳурӣ бо иқтисодҳои дигар кишварҳои пасошӯравӣ робитаи зич дорад. Мақомоти Тоҷикистон қаблан изҳор дошта буданд, ки пайвастан ба ИИАО-ро гуруҳи махсуси корӣ омӯхта истодаасту бурду бохти онро муайян мекунад. Дар мавриди натиҷаҳои он ҳанӯз хулосаи мушаххасе ироаи омма нашудааст. Қабули консепсияи татбиқи иқтисоди сабз дар ИИАОТиҷорати хориҷии Тоҷикистон асосан бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё сурат мегирад. Русия ва Қазоқистон дар сархати шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон буда, инчунин садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар қаламрави ин кишварҳо фаъолият доранд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/11/1060502885_363:16:1280:704_1920x0_80_0_0_6958455a016be7c7a7b9cc29b441ef18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, узвият, ииао, бурд, иттиҳодия
тоҷикистон, узвият, ииао, бурд, иттиҳодия
Таҳлилгар бурди Тоҷикистон аз узвият дар ИИАО-ро гуфт - видео
19:01 18.11.2023 (Навсозишуда: 11:39 20.11.2023) Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро дорад, ки узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гардад ва ҳамкориҳоро бо кишварҳои узв дар доираи Иттиҳод инкишоф диҳад
Пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои Тоҷикистон чӣ бартариҳо дошта метавонад?
Ба ин суол коршиноси Пажӯҳишгоҳи мушкилоти байналмилалии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия, Евгений Коренев, барои Sputnik Тоҷикистон посух дод.
Ба гуфтаи мутахассис, ҷумҳурӣ бо иқтисодҳои дигар кишварҳои пасошӯравӣ робитаи зич дорад.
"Тоҷикистон дорои зарфияти истифоданашуда мебошад, ки онҳоро метавон истифода бурд ва он гоҳ ҷумҳурӣ метавонад ба як ҷузъи ИИАО табдил ёбад", гуфт таҳлилгар.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан изҳор дошта буданд, ки пайвастан ба ИИАО-ро гуруҳи махсуси корӣ омӯхта истодаасту бурду бохти онро муайян мекунад. Дар мавриди натиҷаҳои он ҳанӯз хулосаи мушаххасе ироаи омма нашудааст.
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон асосан бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё сурат мегирад. Русия ва Қазоқистон дар сархати шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон буда, инчунин садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар қаламрави ин кишварҳо фаъолият доранд.