https://sputnik.tj/20231025/mushiston-khostor-nazorat-beshtar-muhojiron-1060141306.html
Мишустин хостори назорати бештари муҳоҷирон шуд
Мишустин хостори назорати бештари муҳоҷирон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Русия зарур хонд, ки мақомоти марбутаи кишвар ба таври муассир он шаҳрвандони хориҷиеро ошкор кунанд, моил ба қонуншиканиҳо мебошанд
2023-10-25T10:58+0500
2023-10-25T10:58+0500
2023-10-25T11:04+0500
дар русия
муҳоҷират
волоияти қонун
михаил мишустин
сарвазир
муҳоҷир
ахлоқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057922333_0:0:2901:1632_1920x0_80_0_0_3449a71c95dd961a2e6bebe881cc51ab.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Қонуншиканиҳои хориҷиён дар Русия вокунишҳои иҷтимоӣ дар пай доранд, изҳор дошт сарвазири кишвар, Михаил Мишустин. Вай зимни ҷаласаи ҳукумат дар масоили марбути ҳузури хориҷиён дар Русия, хостори таҳкими назорати бахши муҳоҷират дар кишвар шуд. Сарвазир дар ин замина аҳамияти рақамисозиро таъкид кард, ки бояд дар соҳаи муҳоҷират татбиқ карда шавад.Таъкиди Мишустин дар ҳолест, ки ин масъала ахиран дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Русия низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вазири корҳои дохилии Русия, Владимир Колоколтсев гуфт, шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар аз соли 2021 ба ин сӯ кам шуда истодааст, аммо адади ҷиноятҳои содиркардаи онҳо меафзояд.Вазир ба ёдоварӣ, ки Русия ҳоло аз рӯи шумораи муҳоҷирон дар ҷаҳон дар ҷои чаҳорум қарор дорад, мубориза бо амалҳои ғайриқонунии онҳоро ниҳоят муҳим хонд.Колоколтсев таъкид намуд, ки Русия ҳамеша меҳмонон аз кишварҳои дигарро хуш пазироӣ мекунад, вале онҳо бояд волоияти қонунро аз одатҳои худ боло донанд, қоидаву меъёрҳои рафтори дохили кишварро риоя кунанд, анъана ва арзишҳои ахлоқиро эҳтиром гузоранд.
https://sputnik.tj/20231024/kolokoltsev-kadom-muhojiron-khush-mepazirand-shinosnoma-1060134613.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057922333_128:0:2859:2048_1920x0_80_0_0_4959466bd9ec178eb2900e932cf1ee47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур, назорат, муҳоҷирон, хориҷӣ, русия
дастур, назорат, муҳоҷирон, хориҷӣ, русия
Мишустин хостори назорати бештари муҳоҷирон шуд
10:58 25.10.2023 (Навсозишуда: 11:04 25.10.2023) Сарвазири Русия зарур хонд, ки мақомоти марбутаи кишвар ба таври муассир он шаҳрвандони хориҷиеро ошкор кунанд, моил ба қонуншиканиҳо мебошанд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Қонуншиканиҳои хориҷиён дар Русия вокунишҳои иҷтимоӣ дар пай доранд, изҳор дошт сарвазири кишвар, Михаил Мишустин.
Вай зимни ҷаласаи ҳукумат дар масоили марбути ҳузури хориҷиён дар Русия, хостори таҳкими назорати бахши муҳоҷират дар кишвар шуд.
"Таъмини сатҳи дурусти назорат аз болои будубоши коргарони хориҷӣ дар Русия муҳим аст. Бояд ба таври муассир афроди моил ба қонуншиканӣ ошкор карда шаванд", - изҳор дошт ӯ.
Сарвазир дар ин замина аҳамияти рақамисозиро таъкид кард, ки бояд дар соҳаи муҳоҷират татбиқ карда шавад.
Таъкиди Мишустин дар ҳолест, ки ин масъала ахиран дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии Русия низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вазири корҳои дохилии Русия, Владимир Колоколтсев гуфт, шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар аз соли 2021 ба ин сӯ кам шуда истодааст, аммо адади ҷиноятҳои содиркардаи онҳо меафзояд.
Вазир ба ёдоварӣ, ки Русия ҳоло аз рӯи шумораи муҳоҷирон дар ҷаҳон дар ҷои чаҳорум қарор дорад, мубориза бо амалҳои ғайриқонунии онҳоро ниҳоят муҳим хонд.
Колоколтсев таъкид намуд, ки Русия ҳамеша меҳмонон аз кишварҳои дигарро хуш пазироӣ мекунад, вале онҳо бояд волоияти қонунро аз одатҳои худ боло донанд, қоидаву меъёрҳои рафтори дохили кишварро риоя кунанд, анъана ва арзишҳои ахлоқиро эҳтиром гузоранд.